Ду зани сиёсатмадори Афғонистон барандаи ҷоизаи "Тағйироварандагон" ё "Changemaker Award"-и маҷаллаи бонуфузии амрикоии "Forbes" шудаанд. Ин ду зан яке вакили собиқи порлумони Афғонистон ва дигаре раиси шаҳри Майдон Вардак мебошанд.
Ноҳид Фарид вакили мардуми Ҳирот дар Маҷлиси намояндагони давлати пешини Афғонистон ва Зарифа Ғафор, раиси шаҳри Майдон Вардак - маркази вилояти ҳамноми Афғонистон мебошанд. Ин ҷоиза ба ин ду зани фаъоли Афғонистон дар маросими хосе дар шаҳрии Абу Забии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ тақдим шудааст.
Ин ду зан пас аз ғасби Кобул аз сӯйи "Толибон" дар моҳи августи соли 2021 ба хориҷ аз Афғонистон рафта буданд. Аммо Зарифа Ғаффорӣ чанд рӯз пеш ба Кобул баргашт ва ин баргашти ӯ дар расонаҳо хабарсоз шуд.
Ғаффорӣ ба расонаҳо гуфт, ки дигар ба фаъолиятҳои сиёсӣ намепардозад ва ба роҳҳои ғайрисиёсӣ ба мардуми Афғонистон кӯмак мекунад.
Ин ҷоиза, рӯзи 8 март ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии зан дар доираи барномаи 30/50 дар ҳузури бонувони 37 кишвари ҷаҳон тақдим шудааст. Дар ин барнома Ҳилари Клинтон, вазири пешинаи корҳои хориҷии Амрико низ ба гунаи онлайн ширкат кардааст.
Ноҳид Фарид дар суханронияш дар ин маросим гуфтааст, ки занон дар ҳукумати "Толибон" бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ ҳастанд, зеро ин гуруҳ занону духтарони Афғонистонро за дарсу кор маҳрум кардаанд.
Ноҳид Фарид аз ширкаткунандагони нишаст хостааст, ки ба кишварҳояшон тавсия диҳанд, ки ҳукуати "Толибон"-ро ба расмият нашиносанд.
Масъулони "Forbes" гуфтаанд, ки ин ҷоизаро ба ин зани Афғонистон барои талошҳои хастагинопазирашон барои рафъи монеаҳо дар муқобили занони афғон ҳадя кардааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Иброҳим Раисӣ гуфт, агар Исроил дубора ба Эрон ҳамла кунад, ин кишварро ба хок яксон мекунад
Оғози “Ҳафтаи соҳибкории иҷтимоӣ” дар Тоҷикистон
Ғалабаи таърихӣ! Мунтахаби футзали Тоҷикистон бори аввал ба Ҷоми ҷаҳон роҳ ёфт
Ҷасади як ҷавонро аз Кӯли ҷавонон берун гирифтанд
“Болои сӯхта - намакоб”. Низоми раводид миёни Тоҷикистону Туркия садди роҳи табобати Умриузоқ шудааст
Интиқом барои интиқод? Толибон хонаи Зоҳири Ағбар ва Абдулрашид Дӯстумро дар Кобул тасарруф кардаанд
Рамазон Раҳимзода гуфт, баъзе ҷинояткорон дар Италия бо баҳонаи "гуреза" пинҳон шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста