Дариға Назарбоева, духтари президенти пешини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев хонаи боҳашамати худро дар шаҳри Лондон ба фурӯш гузоштааст.

Хона дар Денвуд-роуди Лондон ҷойгир буда, бар ивази 11 миллиону 800 ҳазор доллар фурӯхта мешавад. Яъне, назар ба нархе, ки як ширкати марбут ба духтари Назарбоев соли 2008 онро харидорӣ карда буд, 300 ҳазор фунт камтар фурӯха хоҳад шуд.

Ин дороии Назарбоева дар Лондон соли 2020 баъди он расонаӣ шуд, ки Оҷонси миллии Бритониё дар умури мубориза бо ҷиноятҳо манзилҳои мазкурро дар доираи пажуҳиши махсус ба ҳабс гирифт. Мақомоти Бритониё таҳқиқ нисбати манзилҳои марбут ба Назарбоевҳоро дар доираи парвандаи мубориза бо дороиҳои "номашруъ" шуруъ карда будаанд.

Расонаҳои Бритониё 10 марти соли 2020, пас аз мурофиае дар Додгоҳи олии Лондон навиштанд, ки молики се амволи ғайриманқули ҳабсшуда дар ин кишвар Дариға Назарбоева ва писараш Нуралӣ Алиев ҳастанд. Вале дертар додгоҳе дар Лондон қарор кард, ки ин амволро Назарбоеваи "аз нигоҳи иқтисодӣ мустақил" ба даст овардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.