Муовини котиби давлатии ИМА Виктория Нуланд гуфт, бар асоси арзёбиҳои Вашингтон, дар задухурдҳои Укроин беш аз 10 ҳазор сарбози Русия кушта шудааст.
Нулан дар суҳбат бо "Настоящее Время" талафоти Русияро "боварнакарданӣ" номид ва афзуд, ки Москва бо вуҷуди ин ҳанӯз ҳам дарк накарда, ки артиши Украина то чӣ ҳад неруманд аст".
Нуланд дақиқ нагуфт, ки ин оморро аз кадом манбаъ дастрас кардаанд. Пештар манобеъ дар хадамоти иктишофии Амрико низ тақрибан ҳамин оморро гуфта буданд.
Аммо Вазорати дифои Русия дар ин замина омори тамоман дигар дорад. Он бори охир 25 март эълом кард, ки дар ҷангҳои Украина 1351 сарбози вазорат кушта шудааст. Ситоди кулли Украина теъоди сарбозони кушташудаи Русияро 17 ҳазор номида буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар ҷашни Ваҳдати миллӣ тоҷикистониёнро чӣ гуна чорабиниҳо интизоранд?
Аз соли 2011 шаҳрвандони Тоҷикистон 9 раводиди ИМА-ро тариқи сармоягузорӣ гирифтаанд
Пешниҳод шуд, ки ба президент бори дуюм унвони “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шавад
Боз 2 нафар дар дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шуданд
Аз оғози сол дар Тоҷикистон кадом маҳсулот арзону кадомаш қимат шуд?
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли тухм, гӯшти мурғу моҳӣ зиёд шуд. Хатлон пешсаф аст
Рустами Эмомалӣ бо сафири Чин ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро баррасӣ карданд
Як ширкати Дубай дар Тоҷикистон коргар меҷӯяд
Оғози бозиҳои КМВА ва «Хуҷанд» дар Ҷоми КФО-2022
Иштироки се ҷудокори тоҷик дар “Ulaanbaatar Grand Slam 2022”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста