Укрин мумкин аст, мақоми узвияти ба Иттиҳоди Аврупоро моҳи июни соли 2022 соҳиб шавад. Дар ин бора муовини сарвазири Укроин Олга Стефанишина хабар дод.

"Укроин суолнома (анкета)-ро барои узвияти Иттиҳоди Аврупо дарёфт кард. Мо то ин замон бештари корҳои омодагиро анҷом додем, акнун омодаем, ки ба таври фаврӣ амал кунем", - навишт Стефанишина дар твиттер.

Раиси Комисияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен рӯзи 8 апрел бо президенти Укроин Владимип Зеленский дар Киев мулоқот кард ва суолномаро барои шуруъи гуфтугӯҳои шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо ба вай супорид.

"Роҳи шумо ба Иттиҳоди Аврупо шуруъ мешавад. Ин роҳи кутоҳе хоҳад буд", - гуфт раиси Комисияи Аврупо.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.