Муҳосираи Мариупол аз сӯи Русия гуфтугӯҳои Киев бо Москваро душвор кардааст, гуфт Михаил Подоляк, мушовири дастгоҳи президенти Укроин ва узви гуруҳи музокиракунандаи Киев рӯзи сешанбе.

Подоляк афзуд, ки ҳоло маълум нест, гуфтугӯҳои мустақим миёни ҷонибҳо кай сурат мегиранд. Ба гуфтаи ин узви гуруҳи музокиракунанда, талоши Русия барои тақвияти мавзеаш тавассути ҳамлаҳои нав дар Донбасс яке аз дигар монеаҳои гуфтугӯҳост.

Рӯзи 19 апрел гуруҳи силоҳбадасти "ДНР" аз ҳамлаи нав ба корхонаи "Азовстал" хабар дод. Ин корхона яке аз пойгоҳҳои муҳими муқовимати Укроин зидди ҳамлагарони Русия аст.

Рӯзи сешанбе вазорати мудофиаи Русия ба низомиҳои Укроин, ки аз "Азовстал" ҳимоят мекунанд, пешниҳод кард, силоҳҳояшонро ба замин гузоранд ва тасли шаванд. Расонаҳо менависанд, ин севумин пешниҳоди Русия ба ҳомиёни Мариупол аст.

Артиши Русия ва ҷудоихоҳони ба ном "Ҷумҳурии мардумии Донетск" Мариуполро ибтидои моҳи март муҳосира карданд. Аз он замон то кунун "поккорӣ"-и шаҳр идома дорад. Дар ин шаҳр то 3 ҳазор низомии Укроин мавҷуд аст.

Бори охир Русияву Укроин ба таври мустақим барои оташбас ва сулҳ рӯзи 20 март дар Истамбули Туркия мулоқот карданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.