Расонаҳои "Толибон" хабар медиҳанд, ки Эрон таҷҳизоти низомии ҳукумати пешини Афғонистонро, ки дар замони суқуқти Кобул ба дасти "Толибон" ба ин кишвар бурда шуда буданд, дубора ба ин гурӯҳ таслим кардааст. Дар ин бора хабаргузории расмии "Толибон" - "Бохтар" хабар медиҳад.
Ба навиштаи манбаъ, ин таҳҷизот шаби гузашта аз тариқи бандари Исломқалъа вориди Афғонистон шудаанд. Дар як наворе, ки ин хабаргузорӣ нашр кардааст, дида мешавад мошинҳои борбарӣ таҷҳизоти низомиро аз марзи Исломқалъа вориди вилояти Ҳироти Афғонистон мекунанд.
Соли гузашта дар пайи шадид шудани ҷангҳо дар рӯзҳои охири ҳукумати собиқи Афғонист, бархе аз низомиён чанде аз таҷҳизоти низомӣ, аз ҷумла силоҳ, муҳиммот ва мошинҳои махсуси неруҳои амниятиро ба Эрон бурда буданд.
Аммо Толибон то кунун дар бораи миқдори ин таҳҷизот чизе нагуфтаанд.
Дар пайи фирори Ғанӣ ва суқути ҳукумат ба дасти "Толибон" беш аз 60 чархболу тайёраҳои неруҳои амниятии Афғонистон ҳам аз фурудгоҳҳои Мазори Шарифу Кобул ба Ӯзбекистон Тоҷикистон ҳам оварда шуданд.
Толибон аз он замон то кунун талоши баргардонии ин чархболу тайёраҳоро доранд. Вале Тоҷикистон Ӯзбекистон бо Амрико дар музокира шуда, аз додани ин чархболу тайёраҳо ба "Толибон" худдорӣ карданд.
Вазорати дифои Амрико ҳам изҳорот дод, ки ин чархболу тайёраҳо ба Толибон дода намешаванд.
Арзиши роҳкиро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?
Валентина Матвиенко: “Роҳбарияти Русия нақшаи шадид кардани қонунгузорӣ нисбати муҳоҷиронро надорад”.
Навору хабар фиристед. ВКД аз шаҳрвандон хост, барои пешгирӣ ва ошкор кардани ҷинояту ҷинояткорон ҳамкорӣ кунанд
“АСАН хидмат” - Инноватсия дар соҳаи таъмини хизматрасонии давлатӣ
“Системаи вайрон” ё таъсири терракт дар “Крокус”? Муҳоҷирони тоҷикро намегузоранд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд
Тоҷикистон содироти металл ва сангҳои қиматбаҳоро 1251 баробар зиёд кард
“Боиси нигаронӣ нест!” Кумитаи рушди сайёҳӣ хатари бемории “тоун”-ро дар Саратоғ расман шарҳ дод
Имзои шартномаҳо байни соҳибкорони Тоҷикистону Италия ба маблағи зиёда аз 160 млн доллар
Соли 2050 аҳолии Осиёи Марказӣ аз 100 млн нафар зиёд мешавад. Моро чӣ интизор аст?
“Мехост ҷавонро аз хидмат озод кунад”. Боздошти муовини раиси Шаҳритус барои 5 ҳазор сомонӣ пора
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста