Мавлавӣ Шарофуддин Муслим, муовини вазорати давлати Толибон дар умури расидагӣ ба ҳаводиси табиӣ дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, ки 920 нафар дар заминларзаи субҳи имрӯз дар чандин вилояти Афғонистон ҷон бохта ва беш аз 610 нафар захмӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, телеграмканали @lentadnya хабар медиҳад, ки беш аз 1120 нафар аллакай фавтидаанд.

Шаби 21 ба 22 июн дар бархе вилоятҳои Афғонистон заминларзаи шадид рух дод.  Гуфта мешавад, ки русто аз вулусволии Гиёни вилояти Пактико комилан хароб шудааст. Рустоҳои аҳолинишини манотиқи Бармало, Зирук ва Никл низ зарар дидаанд.

Қувваи заминларза 6,1 балл арзёбӣ шуда, маркази заминларза дар 44 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Хуст дар умқи 15 километр будааст.

Созмони Милал ва Иттиҳодияи Урупо гуфтаанд, ки вазъиятро зери назар доранд ва дар ҳоли баррасии ниёзҳо ва омодаи ҳамоҳангии кӯмак ҳастанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.