Ҷабҳаи муқовамати миллӣ мегӯяд ки Толибон дар талошанд то бо ҳилла зери номи нишасти "Олимон" ё "Ҷирга" ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардумро фиреб дода ва иддаои касби машруъият аз роҳи чунин намоишҳои иғвогароёна кунанд.
Ин Ҷабҳа рӯзи чаҳоршанбе бо нашри эъломияе гуфтааст: Толибон аз замони таъсиси худ то имрӯз аз ҳеҷ зулм ва ҷиноёте дареғ накардаанд ва бо ишғоли дубораи Кобул бо бераҳмии бештар маҳдудиятҳои бесобиқаеро бар мардум, бавижа занон эъмол кардаанд."
Ҷабҳаи муқовимат афзудааст, ки Толибон кишварро дар инзивои комил қарор дода, зиндагиро ба мардум чунон душвор кардаанд, ки аксарияти онҳо аз ногузирӣ кишварро тарк мекунанд.
Дар эъломия омадааст: "Ин гурӯҳ дар чунин вазъияти ошуфта ва беэътимодӣ дар талош аст то бо як ҳиллае зери номи нишасти "Уламо" ё "Ҷирга" ҷомеаи ҷаҳонӣ ва мардумро фиреб диҳад ва иддаъои касби машруъият аз роҳи чунин намоишҳои иғвогароёна намояд."
Ҷабҳа возеҳ кардааст, ки мардуми Афғонистон ва ҷомеи ҷаҳонӣ медонанд, ки ба даст овардани қудрат ва давоми он аз роҳҳои номашрӯъ ва хилофи ризояти мардум, наметавонад бо абзорҳои мутаҳаҷҷирона ва ғайримардумӣ эътибор ёбад.
Ёдовар мешавем, ки қарор аст Толибон имрӯз нишасти "Олимони дин"-ро дар толори Луя Ҷирга баргузор кунанд.
Пештар манобеъи давлати муваққати Толибон ба расонаҳои маҳаллӣ гуфта буд, ки нишасти "Олимони дин" дар Кобул рӯзи панҷшанбе баргузор хоҳад шуд. Пеш аз ин рӯзи баргузории ин нишаст дирӯз, яне рӯзи чаҳоршанбе гуфта шуда буд, ки дар ин нишаст 3000 нафар аз 34 вилояти Афғонистон даъват шудаанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
“The Independent”: Маҳдӣ Муҷоҳид дар Эрон боздошт ва ба Толибон* супорида шуд
Ҷашнвораи 15-уми "Боми ҷаҳон" ба Хоруғ бармегардад
Тоҷикистон ягона кишвари пасошӯравӣ миёни камбизоаттаринҳо аз рӯи ҳаҷми ММД ба сари аҳолӣ аст
Дучархаи ба хотири қатли сайёҳон гузошта куҷо шуд? Шарҳи раҳбарияти ноҳияи Данғара
Таркиш дар масҷиди Кобул дастикам 40 кушта бар ҷой гузошт
Чин хостори густариши равобит бо Толибон* шуд
Шаҳрвандони Тоҷикистон барои одамрабоӣ дар Дубай маҳкум шуданд
Сафири ИМА дар Хоруғ чӣ кор мекард ва чӣ гуна Амрико ба ВМКБ кумак мекунад?
Медали биринҷии ҷудокорони тоҷик дар ҳисоби даставӣ дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ
Маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаи Шевченкои Душанбе
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста