Вонг Ю, сафири Чин дар Кобул зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, ки кишвараш ҳамчун як ҳамсоя ва ҳамкори хуб бо Афғонистон дар заминаҳои гуногун фаъолияти муштарак дорад ва дар оянда равобити худро бо ҳукумати Афғонистон густариш хоҳад дод.

Ба иттилои шабакаи телевизионии “Тулӯъ-нюз” сафир дар нишасти хабарӣ гуфтааст: “Чин ҳамчун як ҳамсоя, бародар ва шарики хуб, бо таваҷҷуҳ ба пешниҳодҳои рушд ва амнияти байналмилалӣ, дар сохтани ҷомеае бо сарнавишти муштарак барои башарият, ҳамкориҳои худро бо Афғонистон дар бахшҳои мухталиф густариш медиҳад. Чин ҳамроҳ бо афғонҳои заҳматкаш, талошҳои муштаракро барои сулҳ, субот ва рушд дар Афғонистон анҷом хоҳад дод”.

Ба гузориши манбаъ, ин дипломати чинӣ аз ҳузури 20 - солаи Амрико дар Афғонистон интиқод карда, зикр намудааст, ки Амрико дар Афғонистон мушкил эҷод кард ва пас аз хурӯҷ аз ин кишвар, ҳеҷ кӯмаке ба афғонҳо накард.

Вонг Ю

"Амрико фақат барои манофеъи худ кор мекунад. Ҷанги 20 - солаи Афғонистон, ки Амрико шурӯъ кард, натанҳо имкони рушди иҷтимоӣ ба ин кишвар надод, балки зерсохтҳои Афғонистонро ба шиддат тахриб кард. Ҳоло иқтисоди Афғонистон дар ҳоли рукуд аст ва афғонҳо дар шароити сахт зиндагӣ мекунанд" – гуфтааст Вонг Ю.

Сафир дар мавриди аз ҷониби Чин ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон* ҳарфи дақиқе нагуфта, тазаккур додааст, ки дақиқан аз шеваи бархӯрди Амрико бо Афғонистон пайравӣ нахоҳад кард.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.