Аз 15 то 22 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Панҷумин Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтаки «Чодари хаёл» баргузор мегардад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, дар ҷашнвораи имсола 13 театрҳои лӯхтак аз 11 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.

Аз ҷумла намоишномаҳои беҳтарини худро дар ҷашнвора театрҳои лӯхтак аз Арманистон, Озарбойҷон, Беларус, Эрон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Туркманистон ва Тоҷикистон ба маърази тамошо мегузоранд.

Гуфта мешавад, дар доираи баргузории ин фестивал ҷашни 30-солагиии таъсиси Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ва 70-солагиии асосгузори театри мазкур Арбоби ҳунари Тоҷикистон Зафар Ҷаводов низ ботантана таҷлил карда мешавад.