Дар бозии аввали даври гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол байни наврасони синни то 17-сола дар Бразилия мунтахаби Тоҷикистон тими Камерунро шикаст дод.

Қисми аввали бозӣ бенатиҷа - 0:0 анҷом ёфта, дар дақиқаи 51-ум нимҳимоятгари дастаи Тоҷикистон Шарифбек Раҳматов аз зарбаи 11-метра тӯбро ба нишон расонд.

Қобили зикр аст, ки баъди чанде футболбозони тоҷик ба задани тӯби дуюм ба дарвозаи камеруниҳо низ даст ёфта, лекин баъди тамошои сабти видеои лаҳзаи бозӣ сардовар ин голро бекор кард.

Дар дақиқаи 72-юм ба нимҳимоятгари дастаи Тоҷикистон Шуҳрат Элмуродов корти зарди дуюм нишон дода шуда, ӯ аз майдон хориҷ шуд. Бо вуҷуди ин, ба футболбозони тоҷик муяссар шуд, ки ҳисоби бозиро то охир нигоҳ доранд.

Бозии дигари даври якум дар гурӯҳи “Е” байни дастаҳои мунтахаби наврасони Арентина ва Испания мусовӣ 0:0 анҷом пазируфт.

Ҳамин тариқ, пас аз даври аввал мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо 3 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳи “Е” қарор дошта, тимҳои Аргентина ва Испания бо 1-имтиёзӣ дар зинаҳои дуюму сеюм қарор доранд. Зинаи чорумро Камерун ишғол мекунад.

Чемпионати ҷаҳон-2019 байни футболбозони то 17-сола аз 26 октябр то 17 ноябр дар Бразилия баргузор мешавад. Ҳамаи бозиҳои даври гурӯҳии мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade»-и шаҳри Кариасика баргузор мешаванд.

Бозиҳои навбатии футболбозони навраси тоҷик 31-уми октябр бо дастаи Испания (соати 01:00-и 1 ноябр ба вақти Душанбе) ва 3-юми ноябр бо мунтахаби Аргентина (соати 01:00-и 4 ноябр ба вақти Душанбе) доир мегардад.

Аз рӯйи натиҷаҳои қуръапартоии мусобиқаи Чемпионати ҷаҳон-2019 байни наврасон 24 даста ба 6 гурӯҳ тақсим карда шуданд. Ба даври минбаъдаи мусобиқа ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо, ҳамчунин 4 дастаи зинаҳои сеюми гурӯҳҳо бо нишондодҳои беҳтарин роҳхат мегиранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.