Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон дар қуръакашии Лигаи қаҳрамонҳои Осиё бо дастаи “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ дар як гурӯҳ қарор гирифт ва ҳамакнун, Криштиану Роналдо, сардори ин дастаи арабӣ ба Тоҷикистон хоҳад омад.
Маросими қуръакашӣ имрӯз, 24-уми август, дар шаҳри Куала – Лумпури давлати Малайзия баргузор гардид.
Дар гурӯҳи Е якҷо бо “Истиқлол” ва “Ал-Наср” ҳамчунин, дастаҳои “Персаполис”-и Эрон ва “Ал-Дуҳайл”-и Қатар низ шомиланд.
Даври аввали марҳилаи гурӯҳии бозиҳои Лигаи қаҳрамонҳои Осиё 19-уми сентябр оғоз мешавад. То 13-уми декабр бозиҳои марҳилаи гуруҳӣ ба анҷом мерасад ва ғолибони гурӯҳ ба марҳилаи дигар роҳ меёбанд.
Дар ин марҳила дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ду маротиба бо дастаи “Ал-Наср” – як маротиба дар майдони худ ва маротибаи дигар дар сафар бозӣ мекунад.

Иностранцам в Кыргызстане дали срок - легализоваться до 10 июня
В Лондоне открылся фонд «Гулрухсор» для поддержки жертв насилия в Таджикистане
Макс Касымов: человек-праздник, который живет творчеством
Кто он - новый глава ГАИ Таджикистана?
В Азербайджане задержали таджикистанца, подозреваемого в поставках героина в Россию
Трамп ввёл запрет на приём иностранных студентов в Гарвард
Какие меры безопасности должны соблюдаться в детском саду в Таджикистане?
В Таджикистане создан первый Национальный узел обмена интернет-трафиком
В Душанбе ушел из жизни еще один ветеран Великой Отечественной войны
Афиша от «Азия-Плюс»: вечер памяти «Госпожа удача», концерт Ad aka Dilovar и «Открытый микрофон» от Muza
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста