Пагоҳ дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи навбатии “World Judo Tour” – “Abu-Dhabi Grand Slam – 2024” оғоз меёбад ва дар он 6 ҷудокори тоҷик ширкат меварзанд. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқа бо иштироки 236 ҷудокор (163 мард, 73 зан) аз 33 кишвари ҷаҳон баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, Тоҷикистонро дар мусобиқаи “Abu-Dhabi Grand Slam - 2024” дар вазнҳои гуногун ин ҷудокорон муаррифӣ мекунанд:
* Обид Ҷебов (-66кг);
* Беҳрӯзи Хоҷазода (-73кг);
* Абубакр Шеров (-73кг);
* Муҳаммадҷон Абдулҷалилзода (-90 кг);
* Умедҷон Раҷабзода (-90кг);
* Ҷаҳонгир Маҷидов (-100кг).
Ин мусобиқа то рӯзи 13-уми октябр давом мекунад.
Ба барандагони медали тило 5 ҳазор евро, медали нуқра - 3 ҳазор евро ва ба соҳибони медали биринҷӣ 1 ҳазору 500 евро тақдим мегардад.
Мусобиқаҳои байналмилалии ҷудо яке аз роҳҳои муҳими рушди ин варзиш ва баланд бардоштани сатҳи касбии варзишгарон мебошад. “World Judo Tour” силсилаи мусобиқаҳоест, ки дар он беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки “Abu-Dhabi Grand Slam - 2024” яке аз марҳилаҳои муҳимми ин силсиламусобиқаҳо ба ҳисоб меравад. Ин мусобиқа на танҳо имконияти санҷидани қувва бо беҳтарин ҷудокорони ҷаҳонро фароҳам меорад, балки барои ҷамъоварии имтиёзҳо барои роҳхат ба бозиҳои олимпии навбатӣ низ муҳим аст.




Какое культурное наследие теряет Иран под ударами бомб
Гид по лучшим фотозонам Душанбе к Наврузу
Евросоюз и фонд ALIPH выделят 1,5 млн евро на охрану культурного наследия в Центральной Азии
Экс-глава управления здравоохранения Согда освобождён после штрафа по делу о взятке
От рынков до онлайн-площадок: как защищают права потребителей в Таджикистане
Сколько на самом деле стоит школьное образование в Таджикистане?
Милиция Душанбе предупредила руководителей рынков об ответственности за рост цен перед Рамазаном
Фильм «Битва за битвой» получил шесть «Оскаров». Кто еще забрал статуэтки?
Неизвестные вооруженные лица убили гражданку Таджикистана в афганском Кундузе — СМИ
Европейский инвестфонд вложит более $200 млн в таджикскую авиакомпанию Shohin Airlines
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста