Душанбе. 12-уми декабр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар   маркази фарҳангии   ҷавонони «Ориёно»   ярмаркаи   ҷои   кору   вазифаҳои   холӣ   баргузор   гардид, ки дар он ба шаҳрвандон беш аз 2,8 ҳазор ҷойи кори холӣ пешниҳод гардид. Ярмаркаи   мазкур   аз ҷониби Биржаи   меҳнати назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо Агентии бо   кор   таъмин   кардани    аҳолии   шаҳри   Душанбе   созмон дода шудааст.

            Тавре муовини директори биржаи меҳнати ҷавонон Сайфиддин Кабудов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар чорабинӣ беш аз 50 субъекти хоҷагидории пойтахт ҷойҳои кории холӣ пешниҳод карданд.  

            Ба гуфтаи ӯ, 307 нафар соҳиби ҷойи корӣ гашта, 13 нафар ба курсҳои омӯзиши ихтисос номнавис шуданд ва 41 нафар ба корҳои таҳқиқоти иҷтимоиву 45 нафари дигар ба корҳои ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд. «Дар ярмарка инчунин субъектҳои сафарбаркунии шаҳрвандон барои кор дар хориҷи кишвар низ ширкат варзида, 120 нафарро номнавис карданд», - гуфт ӯ.

            С.Кабудов афзуд, ки дар ярмарка аз рӯи 100 тахассус ҷойҳои кории холӣ пешниҳод гардида, шумори хоҳишмандони соҳиби кор гаштан ба беш аз 1 ҳазор нафар мерасид. «Аз оғози сол чунин ярмаркҳо бори шашум гузаронида мешаванд», - афзуд ӯ.