Имрӯз боз 50 омӯзгори дигар аз Русия барои тадриси хонандаҳои тоҷик ба Тоҷикистон омаданд. Ин омӯзгорон дар 22 мактаби Тоҷикистон аз фанҳои гуногун дарс хоҳанд гуфт.
Бино ба иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, ин омӯзгорон дар 22 мактаб, дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, Хоруғ, Спитамен ва дигар шаҳракҳои ҷумҳурӣ бо забони русӣ ба хонандагон дарс хоҳанд дод ва ба ҳамкасбони тоҷики худ ёрии методӣ мерасонанд.
Гуфта мешавад, ки омӯзгорон дар соли таҳсили ҷорӣ дар доираи лоиҳаи башардӯстона, ки таҳти сарпарастии Шӯрои Федеролии Маҷлиси Федеролии Русия ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд, кор хоҳанд кард.
Лоиҳаи башардӯстона барои таъмини кори омӯзгорони фанҳои русӣ дар мактабҳо аз ҷониби Вазорати маорифи Русия дар Тоҷикистон аз соли 2017 амалӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки қарори роҳандозии лоиҳаи эъзоми омӯзгорони Русия ба Тоҷикистон соли 2017 дар сатҳи сарони ҳарду кишварҳо – Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон қабул шуда буд.
Ҷониби Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки омӯзгорони Русияро дар Тоҷикистон бо манзили ройгон, маоши кофӣ ва инчунин ҷубронпулӣ барои хароҷоти сафари ҳавоӣ таъмин намояд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Таджикским мигрантам не разрешают въезжать в Россию из Казахстана?
МВД Таджикистана приглашает граждан стать мобильными журналистами для борьбы с преступностью
«Хотел освободить парня от службы». Замглавы Шахритуса задержан за взятку в 5 тысяч сомони
Против участников конфликта в Гисаре, попавшего на видео, составлены протоколы
Мосгорсуд признал законным арест фигуранта дела о теракте в "Крокусе"
Запуск первого прямого авиарейса из Таджикистана в Грузию!
17-летний юноша погиб в результате удара молнии в Согдийской области
Комитет по туризму Таджикистана: Риск чумы в Саратоге минимален, но меры безопасности не исключаются
В Иране к смертной в казни приговорен популярный рэпер Томадж Салехи
Сколько стоит проезд в столицах Центральной Азии?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста