Ҷо Байден номзади демкоратҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико пирӯз шуд. Ӯ тавонист 290 раъйи коллеҷи интихоботиро ба даст биоварад, ки барои пирӯз эълон шуданаш 270 раъй кофист.
Ҳарчанд ӯро расман пирӯз эълон накардаанд, вале то кунун сарони кишварҳои Конодо, Юнон, Белгия, Олмон ва Литва ӯро бо пирӯзияш табрик карданд.
Барак Обама охирин президенти демкоратҳо низ Ҷо Байденро табрик кард. Доналд Трамп раисҷумҳури кунунии ИМА тавонист ҳамагӣ 214 раъй ба даст биоварад.
Байден соли 1942 дар шаҳри Скрантони Пенсилвания дар оилаи католикҳои румии миёнаҳол ба дунё омадааст. Баъдан хонаводаи онҳо ба шаҳри Вилмингтони иёлати Делавэр кӯчид, ки падараш дар ин ҷо дар тиҷорати мошин муваффақ шуд ва сарватманди калоне шуд.
Ҷо хатмкардаи Донишгоҳи Делавэр ва Донишгоҳи Сиракузи иёлати Ню-Йорк дар риштаи ҳуқуқ аст.
Байден бори аввал соли 1966 бо Нилия Ҳантер, шарикдарсаш дар Донишгоҳи Сиракуз хонадор шуд ва баъдтар онҳо ба Делавэр кӯчиданд. Дар ин ҷо Байден вакили дифоъ мешавад. Аммо хонаводааш дар ин ҷо дар як садамаи автомобилӣ ҳалок мешаванд. Ҳамсараш бо духтараш мемиранд ва писаронаш бо вуҷуди маҷруҳ шудан, зинда мемонанд.
Байден дар 29-солагиаш сенатор интихоб шуд, ки шашумин сенатори ҷавонтарин дар таърихи Амрико буд. Ва дар тӯли 35 сол ҳеч гоҳ дар интихоботи сенат шикаст нахӯрд. Аз ин пеш ҳам ду бор, солҳои 1988 ва 2008 номзади демкоратҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико буд.
Байден замоне, ки номзад мешуд далели дар пиронасарӣ вориди корзори интихоботӣ шуданашро чунин шарҳ дода буд: “Агар ба Трамп иҷозат дода шавад, ки чаҳор соли дигар дар қудрат монад, вай хислати мардуми мо, буду шуди моро абадан дигар хоҳад кард ва ман наметавонам дар канор истода, инро оромона тамошо кунам".
Бо вуҷуди ин, дар ҷараёни мунозираҳо бо Трамп дар моҳҳои сентябр ва октябр Байден тақрибан пешпо нахӯрда, раисиҷумҳурро барои нокомиҳояш дар мубориза бо ҳамагири коронавирус шадидан танқид кард, ки дар охири моҳи сентябр ҷони беш аз 200 000 амрикоиро рабуд.
Ҷо Байден бо шахсияти ором ва ҳамашумулаш худро ба пирӯзӣ расонд. Ба фарқ аз Трамп, ки ҳамеша як шахсияти ҷанҷолӣ ва буҳрониофар дар ИМА буд, Ҷо Байден дар таърихи Амрико аз пирӯзҳои интихоботӣ хоҳад буд, ки бо раъйи бисёр таърихӣ ба пирӯзӣ расид.




Навруз в Таджикистане: от древних традиций к туристическому бренду страны
Посол Ирана в Таджикистане: «США и Израиль не достигли ни одной из своих целей»
Госдума разрешила проводить медосмотр таджикских мигрантов до их приезда в Россию
Вахдат Ханонов объявил о завершении карьеры в сборной Таджикистана
Удар по центру лечения наркозависимых в Кабуле унес жизни более 100 человек
Убит секретарь Совбеза Ирана Али Лариджани
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 18 марта 2026 года
От «челночницы» до бизнес-леди: как Дильбар Расулова в одиночку построила бизнес и вырастила детей
В МВД России предложили расширить основания для выдворения мигрантов
Сколько дней на Навруз будут отдыхать школьники и студенты в Таджикистане?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста