Телевизиони маҳалии “Бадахшон” дар ВМКБ шоми 25-уми ноябр, як гузориши раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ВМКБ-ро нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад бар пайи беназмиҳои рӯзи 25-уми ноябр дар шаҳри Хоруғ 5 корманди мақомоти қудратӣ захмӣ шудаанд.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки мақомоти қудратӣ барои боздошти Гулбиддин Зиёбеков, сокини деҳаи Тавдеми ноҳияи Роштқалъа, ки моҳи феврали соли 2020 барои латукӯб ва гаравгон гирифтани ёрдамчии додситони ноҳияи Роштқалъа Абдусамад Абирзода мавриди пайгарди қонунӣ қарор дошт, мераванд. Зиёбеков ба кормандони мақомоти қудратӣ муқовимат мекунад ва ба сӯйи онҳо аз тапончаи тир мекушояд, ки аз тири ҷавобии кормандони қудратӣ захмӣ мешавад,-гуфта мешавад дар ин гузориш.
Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки як гурӯҳ ҷавонони ноогоҳ бо таҳрики ашхоси манфиатҷӯй тартиботи ҷамъяитиро вайрон намуда, рӯзи 25-ноябр бо мақсади ғасби бинои маъмурии МИҲД дар шаҳри Хоруғ ҷамъ шуда, ба иншооти мазкур ҳамла мекунанд.
«Дар натиҷа ҷавонон ба амри кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ итоат накарда, бо истифода аз силоҳи оташфишон, санг ва дигар таҷҳизоти халандаю буранда ба се нафар кормандони Раёсати амният, як нафар корманди РВКД ва як нафар корманди прокуратураи ВМКБ-ро, ки дар бинои МИҲД ба хизмат сафарбар гардида буданд, ҳамла намуданд. Дар натиҷа панҷ нафар кормандони тафтишоти низом ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштанд».
Дар ин навор аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков ва бар пайи он даст ба эътироз задани сокинони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа чизе гуфта намешавад.
Ин дар ҳолест, ки дар шабакаҳои иҷтимо ва расонаҳои интернетӣ аз марги Зиёбеков хабарҳо нашр шудааст ва ҳамчунин гуфта мешавад, ки гӯя як нафари дигар ҳам дирӯз кушта шудааст, ки то кунун дар бораи ҳувияти ӯ иттилое нашр нашудааст.
Дар ин гузориши телевизионӣ мақомот аз мардуми ВМКБ ва шаҳри хоруғ хостаанд, ки ба суханҳои беасос бовар накунанд ва тартиботи ҷамъиятиро риоят кунанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Завтра в Душанбе временно перекроют некоторые участки дорог для транспорта
Каждая роль, сыгранная ею – шедевр. Памяти Тухфы Фазыловой
Как распространяется корь и как предотвратить её?
В Германии пятерым таджикистанцам предъявлены обвинения в создании террористической организации
Сбор и сортировка мусора: Таджикистан принимает участие в «Евразийском Кубке Чистоты»
Задолженность по зарплате в Таджикистане превысила 2,5 млн долларов
Из 21 века в сказку древних времен. Интересные факты о «Худжандской крепости»
В Таджикистане свыше 142 тыс. сомони похищено при строительстве столовой в Центре тестирования
В Душанбе состоится конференция женщин журналисток
Таджикским мигрантам не разрешают въезжать в Россию из Казахстана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста