Аз пагоҳ, 2-уми апрел миёни Тоҷикистону Узбекистон се хатсайри нави байналмиллалии автобусҳо барқарор мешавад. Дар пайванд ба ин? тасмим ҳаст рӯзҳои наздик миёни Тоҷикистону Қазоқистон ва Русия низ автобусҳои мусофиркашонии байналмиллалӣ барқарор мешавад, ки ҳамлу нақлро байни ин кишварҳо ширкатии “Холдинг Азия Групп Тоҷикистон” анҷом медиҳад.

Баъди ду соли таваққуф рӯзи 2-уми апрел нахустин автобусҳои байналмиллалӣ дар масирӣ “Душанбе-Тирмиз”, “Душанбе-Деҳнав” ва “Панҷакент-Самарқанд” барқарор мешавад. Ҳамзамон як хатсайр дар масири “Душанбе-Панҷакент” низ фаъол мусофиркашонии мунтазамро ба роҳ мемонад.

Аз ширкатии “Холдинг Азия Групп Тоҷикистон”, ки мусофиркашонии байналмиллалиро ба роҳ мемонад дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфтанд,  хатсайри “Душанбе-Тирмиз”, “Душанбе-Деҳнав”, “Душанбе-Панҷакент” санаи 02-уми апрел ба кор оғоз мекунад. Мусофиркашонӣ дар хатсайри “Панҷакент-Самарқанд” шурӯъ аз 04-уми апрел барқарор мегардад.

 “Санаи 2-уми апрел соати 10:00 аз терминали шаҳри Душанбе автобусҳои байналмиллалӣ дар хатсайри “Душанбе-Тирмиз”, “Душанбе-Деҳнав” ва соати 08:00 автобусҳо дар хатсайри “Душанбе-Панҷакент” ба роҳ мебароянд. Соати 09:00 рӯзи 4-уми апрел баъдан хатсайри “Панҷакент-Самарқанд” ба кор оғоз мекунад. Арзиши мусофиркашонӣ дар хатсайри “Душанбе-Тирмиз” 150 сомонӣ, “Душанбе-Деҳнав” 55 сомонӣ, “Душанбе-Панҷакент” ва “Панҷакент-Самарқанд” 70-40 сомонӣ аст”.

Манбаъ гуфт, дар ҳамин вақту соат автобусҳо аз Узбекистон ба Тоҷикистон ҳаракат мекунанд.

Масофаи мусофиркашонӣ дар хатсайри “Душанбе-Тирмиз” 251 км буда мӯҳлати сафар дар ин масир 5 соату 40 дақиқа ва аз Душанбе то Деҳнав (Узбекистон) масофаи роҳ 107 километр ва мӯҳлати сафар 2 соату 25 дақиқа, масофаи роҳи миёни Панҷакент то Самарқанд 64 километр ва вақти сафар 1 соату 25 дақиқа мебошад.

Ба иттилои ширкати “Холдинг Азия Групп Тоҷикистон” дар даҳаи аввали моҳи апрел инчунин автобусҳои байналмиллалии ин ширкат мусофиркашони ба Қазоқистон ва Русияро шурӯъ мекунад. Ҳоло гуфта мешавад корҳои омодагӣ дар ин масир идома дорад ва нархи сафар низ муқаррар мешавад.

Ба далели пандемия ду соли охир роҳи заминии мусофиркашонӣ тариқи қатора ва автобусҳо аз Тоҷикистон ба Қазоқистону Русия баста шудааст. Дар назар аст, баъди чанд рӯзи наздик нахустин автобусҳои мусофиркашонӣ аз Тоҷикистон ба Қазоқистону Русия ба роҳ бароянд, ки аз ҳама бештар ин хатсайрро муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои хонаводаи онҳо мунтазиранд. Зеро рафтан ба Русия ё Қазоқистон тариқи автобус назар ба хатсайрҳои ҳавоӣ бамаротиб арзон аст ва дар чанд соли пеш харҷи сафар аз Тоҷикистон ба Русия тариқи автобус ҳудуди 600-700 сомониро ташкил медод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.