Русия сафорати Афғонистон дар Маскавро дар ихтиёри кордори муваққати Толибон гузошт. Чин чанд дипломати ин гурӯҳро барои сафорати Афғонистон дар Пекин ҷо ба ҷо кард. Ҳамсояҳои дигари Осиёи марказии Тоҷикистон ҳам тамосҳои гарме бо Толибон доранд. Туркманистон сафорати Толибонро эътироф кард. Ӯзбакистон аз оғоз бо Толибон тамосу ҳамкориҳое дорад.

Дар ҷамъи ин кишварҳои ҳампаймон танҳо Тоҷикистон аст, ки ҳеч тамосе бо Толибон надорад. Ин як манзаре буд, ки аз оғози ба қудрат расидани "Толибон" пешбинӣ мешуд. "Азия-Плюс" пас аз ба ин ҷо кашидани ҳамкорӣ бо як гурӯҳи террористӣ (Толибон дар тамоми ин кишварҳои гурӯҳи террористӣ эътироф мешавад ва расман мамнуъ аст), ду суолро дар пешорӯйи коршиносони кишвар қарор дод:

1. Пас аз эътирофи дипломати Толибон аз сӯйи Русия, манофеи миллии Тоҷикистон дар баробари Толибон чӣ мешавад?

2. Оё кишварҳои ҳампаймонаш манофеи миллии Тоҷикистонро дар хатар нагузоштаанд?

Ин навбат посухҳои сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов ва коршиноси масоили Афғонистону Эрон Раҳматулло Абдуллоевро аз ин силсила пешниҳод мекунем:

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос

Ин ба манофеи Тоҷикистон хатар дорад, “Толибон” як нерӯи зиддитоҷикист ва боварибахш нестанд

Парвиз Муллоҷонов

- Эътирфои як дипломати “Толибон” аз сӯи Маскавро наметавон гуфт, ки Русия онро пурра эътироф кардааст. Вале ҳоло Маскав кушиш дорад, муносибаташро бо “Толибон” хубтар кунад. Ҳарчанд, тамоми таваҷҷуҳи Маскав ба Украина банд аст. Яъне дар Маскав метарсанд, ки агар “Толибон” ба Осиёи Миёна ҳуҷум кунанд, ин боиси вайроншавии тарҳҳои Маскав дар Укроина мешавад. Шояд як ҷабҳаи нав кушода шавад. Вале ин берун аз манфиати Маскав аст. Аз ин рӯ, Маскав кушиш дорад, ки бо “Толибон” ҳамсуҳбат шавад ва  муносибаташонро беҳтар кунанд.

Гуфтан душвор аст, ки мавқеи Тоҷикистон дар робита ба шинохти “Толибон” баъди эътирофи дипломати нахустини онҳо аз сӯйи Русия ва робитаҳои дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ, тағйир мехӯрад. Чунки дар инҷо масъалаи асосӣ на Тоҷикистон ва на Русия аст, балки худи Афғонистон аст. Бавижа агар ҷабҳаи зиддитолибӣ (Ҷабҳаи муоқвимати миллии Афғонистон дар назар аст, - редаксия) қувва дошта бошад, нишон дода тавонад, ки даро воқеъ як нерӯи пурқувват ва боварибахш аст, дар ин маврид албатта ба онҳо кумаки байналмилалӣ зиёд мешавад ва ҳам эътирофи ҳукумати “Толибон” ғайриимкон мешавад. Лекин агар, муқовимат бебарор шавад, ҷабҳа аз дасташ ягон кор наояд, албатта дер ё зуд ҳатто Тоҷикистон ҳам ҳукумати Толибонро эътироф мекунад.

Дар сиёсатҳои бузург танҳо нерӯро эҳтиром мекунанд. Агар хоҳед, ба сӯйи шумо таваҷҷуҳ бошад, ҳамчун як давлат ё як ҳаракати сиёсӣ ба шумо кумак расонанд ё муборизаи шумо аз тарафи ягон кишварии абарқудрат тарафдорӣ шавад, бояд исбот кунед, ки сазовори чунин кумак ҳастед. Агар инро исбот карда натавонед, пас касе шуморо кумак намекунад. Навобаста ба он ки шумо то кадом андоза ҳақ ҳастед.

Агар тоҷикони Афғонистон инро исбот карда натавонанд, пас тамоми гуноҳ ба гардани онҳо аст. Масалан, агар Украина бар муқобили Русия муқовимат намекард, укроиниҳо мубориза намебурданд, то ин дарҷа ба дасташон кумак намерасид. Танҳо муборизаи онҳо Ғарбро водор кард, ки муносибати худро ба вазъи Украина дигар кунанд.

Эътирофи Маскав ва робитаи кишварҳои ҳампаймони Тоҷикистон ба манофеи миллии ҳамаи тоҷикон хатар дорад. Чунки “Толибон” як нерӯи зиддитоҷикӣ аст ва боварибахш нестанд. Яъне барои онҳо ҳар нерӯе, ки берун аз “Толибон” аст, ҳамчун душман ба ҳисоб меравад. Навобаста ба он ки нисбати Тоҷикистон баъзе суханони “хуб” мегӯянд, вале дар маҷмӯъ, онҳо назари нек надоранд. Албатта омадани ин нерӯ ба сари қудрат дар Афғоинстон зидди манфиати на танҳо Тоҷикистон, инчунин зидди манфиати тамоми тоҷикон аст.


Раҳматулло Абдуллоев, коршиноси масоили Афғонистон

Ин нишон медиҳад, ки кишварҳои бузург дар мавриди Афғонистон барномаи хосе надоранд

Раҳматулло Абдуллоев

- Ин амали Русия бори дигар собит месозад, ки кишварҳои бузург, ки дар сарнавишити Афғонистони имрӯза нақш доранд, то ҳанӯз ягон барнома ё бархурди умумие дар муносибат бо ҳукумати нави Афғонистон надоранд. Ва Русия ҳам дар хилофи он тааҳҳудоте ки бо кишвраҳои Осиёи Марказӣ ва пасошӯравӣ дар ташкили паймонҳои низомӣ-сиёсӣ ва муносбатҳои дуҷониба карда буд, бар хилофи манфиатҳои баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон ки бузургтарин пойгоҳи низомии он дар Тоҷикистон аст, амал мекунад.

Аслан мавзӯи пазируфтани як дипломат ҳанӯз маънои шинохти ҳукумати “Толибон” - ро надорад. Шояд як гоме бошад, вале то ҳанӯз бозингарони дигари минтақа, аз ҷумла Покистон, Чин, Эрон ва кишварҳои ғарбӣ иқдоме накардаанд. Яъне дар сарнавишти Афғонистон ва минтақа ин амал то он дараҷае, ки фирк мекунем,  вазъро дигаргун созад, нест. Ҳамчунин, чанд вақти охир, муносибат байни Русия ва Ғарб бинобар ҳодисаҳои Укроина хеле шидад гирифтаанд ва ин ба Афғонистон беътаъсир намемонад.

Ин амали Русия, ки бидуни ҳамоҳангсозӣ бо кишҳварҳои шарики стратегии худ сурат гирифт, як нофаҳмиро дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия ба миён меорад.

Аслан дар ҳамин вазъияте, ки имрӯз дар Афғонистон вуҷуд дорад, шинохти ҳукумати “Толибон” хиёнат ба манфиатҳои тоҷикони Афғонистон аст. Қариб нисфи аҳолии Афғонистон тоҷиконанд. Онҳо аз лиҳози сиёсӣ, қавмӣ ва низомӣ як қудрати бузурганд. Агар таҳти фишори дигар кишварҳо ҳамин иқдом аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ба амал биёяд, пас мо робитаи худро бо тоҷикони  Афғонистон халалдор менамоем.

Ҳоло ҳам муносибатҳои муайяни тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистону Афғонистон идома дорад. Масалан, Тоҷикистон ба онҳо барқ мефурӯшад, аз Покистон аз тариқи Афғонистон молу амвол мегирад, молу амволи дигар тариқи Афғонистон мегузарад. Рушди муносибатҳои иқтисодиву тиҷортӣ, маънои эътирофи ҳукумати “Толибон” - ро надорад ва роҳбаритяи ин кишвар барои шинохти ҳукумати онҳо чанд шарт монда буд. Вале бар хилофи тамоми назари ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳо имрӯз сиёсати хушунатбори худро идома медиҳанд ва фикр намекунам, ки роҳбарияти Тоҷикистон дар ин масъала аз онҳо гузашт кунад.

Тоҷикистон ба умеди дар ҳолатҳои ногувор пайдо кардани пуштибон ва ба вуҷуд омадани хатари эҳтимолӣ ба ҳампаймонҳои худ такя мекунад. Вале дар сурате, ки онҳо якҷониба бо ҳукумати “Толибон” музокира мекунанд, вазирони корҳои хориҷиашон ба Кобул сафар ва сафирони онҳоро қабул мекунанд, албатта ин маънои онро дорад, ки на танҳо кишварҳори Осиёи Марказӣ, ҳатто Русия ҳам дар муносибат бо “Толибон” ва ҳамоҳанг сохтани сиёсати худ бо манфиатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкилот дорад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.