Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки барои Абдуллоҳ Ғурбатӣ, яке аз рӯзноманигорони маҳкумшудаи тоҷик вакили дифоъ ҷудо карда буд, аз болои ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур, ки рӯзи 4-уми октябр Ғурбатиро ба 7,5-сол равонаи зиндон кард, ба Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии пешакӣ бурдааст.

Дар ин бора аз Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ 4-уми октябр бо ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд ва тибқи қонунгузорӣ имкон дошт то 10-рӯзи минбаъда аз болои ҳукми содиршуда ба зинаи болои суд шикоят барад.

Имрӯз, 14-уми октябр аз содир шудани ҳукм 10 рӯз сипарӣ гардид ва тибқи қонунгузории кишвар, муҳлати шикоят бояд ба анҷом расад, аммо нозукӣ дар ин аст, ки ин муҳлат пас аз дастрас кардани нусхаи ҳукми суд ҳисоб карда мешавад.

Аз Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон гуфтанд, ки ба Абдураҳмон Шарипов, адвокати Абдуллоҳ Ғурбатӣ танҳо 14-уми октябр нусхаи ҳукми зинаи аввал пешниҳод карда шуд ва аз ин лиҳоз, онҳо ҳақ даранд то 10 рӯзи дигар аз болои ҳукми суди зинаи аввал ба зинаи болоии суд шикоят баранд.

Ҳамчунин, аз Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон иттилоъ доданд, ки худи Абдуллоҳ Ғурбатӣ низ нусхаи ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансурро ҳамин рӯз, 14-уми октябр, дастрас кардааст.

Ҳамин тавр, аз Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон гуфтанд, ки ҷониби ҳимояи Абдуллоҳ Ғурбатӣ қабл аз дастрас кардани нусхаи ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур ба Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии пешакӣ бурдааст ва ҳамакнун, ба ин шикояти худ иловаҳо пешниҳод менамояд.

Хабарҳо дар робита ба ирсоли шикояти кассатсионӣ аз болои ҳукми Суди ноҳияи Шоҳмансур ба Суди Оли дар ҳолест, ки рӯзи 4-уми октябр суд Абдуллоҳ Ғурбатиро бо се моддаи Кодекси ҷиноятӣ гунакҳор дониста, барои 7,5 сол равонаи зиндон кард.

Мурофиа додгоҳии Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) баргузор гардид ва ӯ зимни сухани охирини худ таъкид намудааст, ки гунаҳкор нест ва ҳеҷ яке аз гуноҳи эълоншударо эътироф намекунад.

Наздикон ва вакили дифои Абдуллоҳ гуфтанд, бо ҳукм розӣ нестанд ва онро ноодилона ҳисобида, аз болои он ҳатман ба зинаҳои болоӣ шикоят хоҳанд кард.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ яке аз чор журналистони боздоштшудаи тоҷик аст. Ӯ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд.

Дар оғоз, мақомот ӯро барои “таҳқири намояндаи ҳокимият, истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият” гумонбар медонистанд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.