Бар асари тармафароӣ дар шаҳри Хоруғу ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ, минтақаи Варзоб, ки имрӯз, 15-уми феврал ба амал омад, дар умум 10 нафар ба ҳалокат расидаанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар.
Ба навиштаи сомонаи расмии ин ниҳод, танҳо дар ҳудуди шаҳри Хоруғ бар сари тармафароӣ 8 нафар ба ҳалокат расидаанд. 9 нафари дигар аз зери тарма наҷот дода шудаанд.
Ҳамчунин, дар ин ҳодиса 22 хонаи истиқоматӣ: 4 хона пурра ва 18 хонаи дигар қисман зарар дидаанд.
Як нафари дигар дар деҳаи Техарви ноҳияи Ванҷ зери тарма монда, ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ӯ пайдо ва ба наздиконаш супорида шудааст.
Дар километри 66-уми шгоҳроҳи Душанбе – Чаноқ низ чор мошин зери тарма монда, як нафар ба ҳалокат расидааст. Нафарони дигар наҷот дода шудаанд.
Ҳоло шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ бастааст.
Маълумоти мазкур то соати 14:00 – и имрӯз, 15-уми феврал 23, нашр шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар ҳушдор додааст, ки тармафароӣ то 3-4 рӯзи минбаъда идома меёбад.
Кто он - новый глава ГАИ Таджикистана?
В Азербайджане задержали таджикистанца, подозреваемого в поставках героина в Россию
Трамп ввёл запрет на приём иностранных студентов в Гарвард
Какие меры безопасности должны соблюдаться в детском саду в Таджикистане?
В Таджикистане создан первый Национальный узел обмена интернет-трафиком
В Душанбе ушел из жизни еще один ветеран Великой Отечественной войны
Афиша от «Азия-Плюс»: вечер памяти «Госпожа удача», концерт Ad aka Dilovar и «Открытый микрофон» от Muza
Тела шестерых погибших в ДТП таджикских мигрантов отправлены из Казахстана на родину
В Душанбе предупредили о запрете сбора денег на ремонт в школах
Великобритания ужесточает миграционные правила: как это затронет граждан Таджикистана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста