Имрӯз, 5-уми октябр, дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. То соли 2009 ин сана 22-юми июл, дар рӯзе, ки бо талоши зиёиён бори аввал дар паҳнои Иттиҳоди Шӯравӣ забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, таҷлил мешуд. Ҳамин, тариқ баъди қабули қонуни нави забони тоҷикӣ дар соли 2009 ин сана ҳам ба рӯзи қабули қонуни нав, яъне 5-уми октябр кӯчид.

Аввалин Қонуни ҶТ “Дар бораи забон” 22-юми июли соли 1989, пас аз талабу гирдиҳамоиҳои теъдоде аз зиёиёни тоҷик, қабул гардид ва мақоми давлатӣ гирифт.  Ин қонун то соли 2009 вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар кишвар танзим мекард. Ба ин қонун чанд маротиба тағйирот низ ворид карда шуд, аммо дар соли 2009, баъди қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз эътибор соқит шуд.

Дар рӯзи таҷлил Рӯзи забони давлатӣ “Азия-Плюс” тасмим гирифт, панҷ тафовути муҳимтарин ва баҳсбаренгези қонуни аввал ва охирин дар бораи забони тоҷикиро муқоиса кунад.

Ҳазфи калимаи “форсӣ” ва баҳси давомдори зиёиён

Яке аз пурбаҳстарин тағйирот дар қонуни нав ин ҳазфи калимаи “форсӣ” дар қонуни нав буд. Дар моддаи 1-и қонуни соли 1989 навишта шуда буд: “Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷики (форсӣ) мебошад”.

Дар моддаи 3-и қонуни соли 2009 қабулшуда бошад, калимаи “форсӣ”, ки дар қавсайн зикр мешуд, ҳазф гардид: “Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст”.

Тағйироти мазкур боиси эътирози теъдоде аз донишмандону адибони тоҷикро гардид. Як гурӯҳе аз аҳли илму фарҳанг назари интиқодиашонро дар матбуот нашр карданд ва аз вакилони парлумон хостанд, моддаи 1-и қонуни соли 1989 бетағйир гузошта шавад. Ин баҳс ҳоло низ идома дорад.

Акс аз ҷараёни гирдиҳамоии соли 1989 барои мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ

Коҳиши таъсири забони русӣ

Тағйироти дигар ба мавқеи забони русӣ тааллуқ дошт. Дар қонуни соли 1989 қабулшуда мавқеи забони русӣ махсус зикр карда мешуд.

Дар моддаи 2-и қонуни соли 1989 таъкид мегардид: “Забони русӣ, чун забони муоширати байни халқҳои СССР, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона амал мекунад”.

Дар моддаи 5-и қонуни аввалин ба шаҳрвандон иҷоза дода мешуд, ки ҳангоми муомила бо ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ва дархости маълумот аз онҳо бо забони давлатӣ, русӣ ё дигар забони қобили қабул маълумот ва ҳуҷҷат гиранд.

Дар моддаи 6 бошад, аз кормандони мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, бахши иҷтимоию фарҳангӣ ва хидмадрасонӣ талаб какрда мешуд, ки “забони давлатӣ ва русиро ба дараҷае, ки барои иҷрои вазифаи касбӣ зарур аст, бидонанд”.

Дар моддаи 20-и қонуни аввалин зикр мешуд: “Коргузорӣ дар органҳои қайди актҳои ҳолати граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва русӣ сурат мегирад”.

Дар моддаи 26 гуфта мешуд: “Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амали баробарҳуқуқи забони тоҷикӣ ва русӣ дар соҳаи илм таъмин мегардад”.

Моддаи 32-и қонуни соли 1989: “...матни варақаи расмӣ, мӯҳр, штамп, штемпел ва формуляи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо ба забони тоҷикӣ ва русӣ навишта мешавад”.

Дар умум, қонуни соли 1989 мавқеи забони русиро махсус зикр карда, мақомоти давлатӣ ва мансабдоронро муваззаф мекард, ки онро донанд ва васеъ истифода кунанд.

Дар қонуни соли 2009 қабулшуда ин ҳама меъёрҳо ҳазф гардид. Гузашта аз ин, дар қонуни нав мафҳуми “забони русӣ” дар ҳеҷ куҷо зикр нашуд. Айни ҳол, танҳо дар моддаи 2-и Қонуни асосии кишвар аз забони русӣ ёд мешавад: “Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад”.

Тағйироти мазкур дар қонуи нав боиси эътирози роҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ва чанд нафар сиёсатмадорони Русия гардид. BBC он замон навишт, ки ин баҳсҳо зимни як мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Дмитрий Медведев, Президенти вақти Русия низ баррасӣ шуд ва баъди он намояндагони расмии Русия изҳор доштанд, ки “онҳо аз посухи ҷониби Тоҷикистон дар ин замина қонеъ шудаанд ва аз қабули қонуни ҷадид нигарон нестанд”.

Ҳар як кас бояд забони тоҷикиро донад!

Моддаи 3, банди 2-и қонуни нави соли 2009 ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистонро вазифадор мекунад, ки забони давлатӣ, яъне тоҷикиро бояд донанд: “Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад”.

Муқаррароти мазкур дар қонуи соли 1989 зикр нагардида буд.

Аммо маълум нест, ки то ҳол барои надонистани забони давлатӣ касе муҷозот шудааст ё не.

Меъёри сезабона. Мафҳуми “забони ӯзбекӣ” низ ҳазф шуд

Дар қонуни забони соли 1989 дар баробари забони тоҷикиву русӣ, дар баъзе маврид ҳамчунин забони ӯзбекӣ низ махсус зикр карда мешуд.

Масалан, дар моддаи 8-и қонуни соли 1989 гуфта мешуд: “Ҳуҷҷатҳои органҳои олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони тоҷики қабул гардида, ба забонҳои тоҷикиву русӣ ва ӯзбекӣ чоп мешаванд”.

Дар моддаи 25 бошад, гуфта мешуд: “Такмили ихтисоси кадрҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ, русӣ ва ё ӯзбекӣ сурат мегирад”.

Сайфиддин Назарзода, собиқ директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва раиси Кумитаи ҷумҳуриявии истилоҳоти назди Акдемияи илмҳои кишвар дар як суҳбати худ гуфта буд, ки “вақте қонуни забон дар даврони Шӯравӣ қабул гардид, масъалаҳои сезабонӣ – тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ вуҷуд дошт. Яъне қонуни куҳна фаъолияти идораҳои давлатиро ба се забон муқарар мекард.”

Дар қонуни нав ин ҳама муқаррарот бардошта шуд ва мафҳуми “забони ӯзбекӣ” низ мисли русӣ ҳазф шуд.

Акс аз ҷараёни гирдиҳамоии соли 1989 барои мақоми давлатӣ додан ба забони тоҷикӣ

Тағйири таҷлили Рӯзи забони давлатӣ

То соли 2009, яъне давоми 20 сол дар Тоҷикистон 22-юми июл Рӯзи забони давлатӣ таҷлил мегардид. Пас аз қабули қонуни нав дар соли 2009, Рӯзи забони давлатӣ 5-уми октябр муқаррар карда шуд.

Иттифоқан ин рӯз, яъне 5-уми октябр, зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст.

Бо пахши пайванд метавонед бо матни Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забон”, ки 22-юми июли соли 1989, таҳти №150 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 5-уми октябри соли 2009, таҳти №553 қабул гардидаанд, шинос шавед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.