Ин масъала дар ҷаласаи нуҳуми Гуруҳи кории Тоҷикистону Русия матраҳ гардида, ҷониби Тоҷикистон ба зарурати ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик таъкид кардааст.
Ҷаласа рӯзи 16-уми сентябр, дар доираи Ҳафтаи байналмилалии ҳифзи меҳнат, дар шаҳри Сочӣ доир гардида, дар он амалисозии Созишномаи ҷалби муташаккили шаҳрвандони Тоҷикистон ба кори муваққатӣ дар Русия низ гуфтугӯ сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои расмӣ, дар нишаст аз ҷониби Хадамоти федералии меҳнати Русия абзорҳои нави рақамӣ дар соҳаи муҳоҷират муаррифӣ шудаанд, ки “метавонанд раванди бақайдгирӣ ва хидматрасонии марбут ба муҳоҷиратро осонтар созанд”.

Дар ҷаласаи мазкур, ҳамчунин, масъалаҳои зерин баррасӣ гардидаанд:
- ташкили муоинаи тиббӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон пеш аз сафар ба Русия;
- гузаронидани имтиҳони донистани забони русӣ, таърих ва қонунгузории Русия барои муҳоҷирон дар Тоҷикистон;
- таъсиси пойгоҳи таълимӣ дар Тоҷикистон барои омода кардани муҳоҷирони тоҷик тибқи стандартҳои давлатии таҳсилоти касбии Русия;
- беҳтарсозии хидматрасонии намояндагии Хадамоти шиносномадиҳӣ ва раводиди Вазорати корҳои дохилии Русия дар Тоҷикистон;
Дар натиҷаи музокирот, ҷонибҳо аҳамияти таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва баланд бардоштани ҳимояи иҷтимоии муҳоҷиронро зикр кардаанд.
Мақомоти Тоҷикистону Русия қаблан низ дар ҷараёни музокирот масоили ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷират, қонунӣ гардонидани будубоши шаҳрвандони дар рӯйхати таҳти назорат қарордошта, баргузории муоинаи тиббии шаҳрвандон, ташкили марказҳои имтиҳонсупории забони русӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ карда буданд.
Дар як соли охир махсусан, баъди ҳамла ба “Крокуси Сити Ҳол”, ки ҳамчун гумонбар дар он чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуданд, фишор болои муҳоҷирон бештар шуд. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.
Дар пайи ин мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Аммо тавре мушоҳида мешавад то ба ҳол роҳи ҳалли онро пайдо накардаанд.





Эмомали Рахмон: «Доходы госбюджета за последние пять лет выросли на 65%»
Президент Таджикистана: «В 2027 году мы забудем о проблемах с электроэнергией»
Продовольственная безопасность в Таджикистане достигла 85% – Эмомали Рахмон
Рахмон поручил разработать Cтратегию развития связи до 2040 года и новую программу налогового администрирования
Доходы и продолжительность жизни населения Таджикистана возросли, уровень бедности снизился – Эмомали Рахмон
Стратегическому партнёрству «Эсхата Банка» и ЕБРР - 20 лет
Почему в Таджикистане часто низкое напряжение в сети и куда обращаться с жалобами
США пообещали Украине гарантии безопасности — как в НАТО, лидеры Европы —«многонациональные силы»
Когда Таджикистан официально войдёт в World Boxing и что означает статус «endorsed member»?
Таджикистан занял 113-е место в мировом рейтинге социального прогресса
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста