Нашрияи байналмилалии “Lonely Planet” Тоҷикистонро яке аз кишварҳои мувофиқ барои пиёдагардӣ ва сайёҳат дар муҳити кӯҳсор арзёбӣ карда, кишварро барои сайёҳату кӯҳнавардӣ тавсия додааст.

Муаллифони мақола, кишвари моро дар феҳристи “25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026” (Best in Travel 2026) ворид намуда, дар бахши “Пиёдагардӣ ва хаймазанӣ дар табиат” табиати зинда, маконҳои сайёҳӣ, кӯҳҳо ва шароити табиатгардӣ дар кишварро муаррифӣ карданд.

Нусхаи солонаи маҷалаи “Best in Travel” аз ҷониби “Lonely Planet” яке аз манбаъҳои бонуфузи соҳаи сайёҳии байналмилалӣ мебошад. Коршиносон ва сайёҳони ботаҷриба беҳтарин кишварҳои сайёҳиро интихоб карда, маконҳои табиӣ ва табиати зиндаи онро муаррифӣ мекунанд. Тиражи ин нашрия 6 миллион нусха будааст.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон қаблан низ дар раддабандиҳои байналмилалӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ эътироф шудааст. Соли 2023 Тоҷикистон ба феҳристи “Самтҳои беҳтарини сайёҳӣ дар Осиёи Марказӣ” ва кӯҳҳои Помиру кӯли Искандаркӯл ба рӯйхати “Ҷолибтарин табиат дар масири Осиё” шомил шуданд.

 

Дар 9 моҳ ба Тоҷикистон 1,4 млн сайёҳ омадааст

Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар 9 моҳи соли 2025, тақрибан 1,4 миллион сайёҳи хориҷӣ аз Тоҷикистон боздид кардаанд, ки ин 24% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта аст. Аз ин шумора 1,258,100 сайёҳ аз кишварҳои ИДМ ва 130,700 сайёҳ аз кишварҳои берун аз ИДМ омадаанд.

 

Инфрасохтори сайёҳӣ

То нимаи аввали сол дар кишвар 182 ширкати сайёҳии ба қайд гирифта шуда, 219 меҳмонхона аз ҷумла 27 меҳмонхонаи чорситорадор ва 162 меҳмонхонаи сеситорадор ба меҳмонон хизмат мерасонданд,

Дар ин соҳа 4046 кас кор мекунанд ва ҳаҷми умумии хизматрасониҳои пешниҳодшуда 168,2 миллион сомониро ташкил дод.

Мақомоти Тоҷикистон пайваста барои афзудани шумори сайёҳон ва беҳбудӣ дар хидматрасонӣ кӯшиш мекунанд. Аз ҷумла, дар моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байнулмилалии сайёҳӣ-2025 баргузор шуд, ки дар он ҳудуди 200 ширкат аз 20 кишвари саросари дунё ширкат карданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.