Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба деҳқонони ҷумҳурӣ харидории техникаи кишоварзии Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг»-ро тавсия медиҳад.
Дар маълумоти дар ин робита интишоршудаи Вазорати кишоварзии ҶТ қайд мешавад, ки моҳи майи соли ҷорӣ «Тоҷикагролизинг» аз Русия ба ҷумҳурӣ 15 адад комбайнҳои ғалладаравии тамғаи «Нива-Эффект» ворид кард.
«Хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ метавонанд, тариқи иҷораи молиявӣ (лизинг) бо пешпардохти 30 фоизи нархи аслӣ комбайнҳои мазкурро харидорӣ намоянд», - зикр мегардад дар маълумоти Вазорат.
Ёдрас мекунем, ки чане қабл ширкати “Ростселмаш”-и Русия баъди ғолибият дар тендери давлатӣ аввалин комбайнҳои ғалладаравро ба Тоҷикистон ирсол кард , ки ин комбайнҳо имсол бо пуштибонии “Тоҷикагролизинг” ба даст оварда шуд.
Ҳамчунин қобили зикр аст, ки қаблан КВДҶ «Тоҷикагролизинг» дар бораи харидории 20 адад комбайнҳои ғалладарави навъҳои «Палессе GS812» ва «Нива эффект» аз корхонаҳои «Гомселмаш» (Беларус) ва «Ростселмаш» (Русия) низ иттилоъ дода буд.
«Комбайнҳои ғалладарав бар асоси лизинг ба муҳлати 6 сол бо пешпардохти на камтар аз 30%-и арзиши аслӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ дода мешаванд», - қайд гардида буд дар маълумоти корхона.




«Рыба на крючке» - обладатель Гран-при Международного кинофестиваля «Тоджи Сомон». Кто и какие награды ещё получил?
Генпрокуроры Таджикистана и Кыргызстана обсудили сотрудничество в сфере кибербезопасности
Банковский надзор по вопросам экологических рисков и зеленого финансирования: сотрудники НБТ прошли обучение по программе CIAT
Победный дебют: бывший тренер женской сборной Узбекистана стартовал с успеха в Таджикистане
1500 военнослужащих и сотни единиц техники: в Таджикистане начались учения «Нерушимое братство-2025»
Гонка Асхаба Тамаева в Душанбе. В Таджикистане разрешены автомобильные гонки?
Как в Душанбе отпраздновали древний праздник Мехргон
В Душанбе открыли новый промышленный городок и запустили три крупных предприятия
Казахстан ограничит экспорт говядины до конца 2025 года. Отразится ли это на таджикском рынке?
МВД Таджикистана задержало подозреваемого в нападении на женщину в Казани. Он будет передан российским коллегам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста