Дар мавзӯи имрӯза мо Интиқоли маблағ ва бартариятҳои онро дида мебароем. Зарурати интиқоли маблағ дар ҳаёти қариб ҳама пайдо мешавад. Сабабҳо метавонанд гуногун бошанд: пардохти мол ё хизматрасонӣ, додани маблағ ба хешовандон ва дигарон.

Дар айни замон, қариб ҳамаи бонкҳои давлатӣ ва тиҷоратӣ ба номгўи хизматрасониҳои худ намудҳои гуногуни интиқоли маблағҳоро дохил кардаанд.

Интиқоли маблағ аз фиристонанда ба гиранда тавассути бонк, бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ё ба воситаи шӯъбаи почта, бо ёрии системаҳои пардохтии миллӣ ё байналмилалӣ, бо гузаронидани маблағ ба ҳисоб ё додани пули нақд, сурат мегирад.

Интиқоли маблағҳо ба дохилӣ ва байнидавлатӣ ҷудо мешаванд. Дар интиқолҳои байнидавлатӣ бонкҳои кишварҳои гуногун ба низомҳои интиқоли маблағҳо пайваста, ба дигар давлатҳое, ки иштирокчии ин система ҳастанд, маблағ интиқол мекунанд. Инчунин интиқолҳо ба адресдор (яъне низоми интиқолӣ нишон додани адреси бонки интиқолшударо талаб мекунад) ва беадрес (яъне маблағро дар дилхоҳ бонке, ки ба ин низом пайваста аст, гирифтан мумкин  аст) ҷудо мешаванд,.

Интиқоли маблағҳо чӣ тавр сурат мегирад?

Сарфи назар аз андоза ва масофаи шаҳр ё кишвари гиранда, ин амалиёт дар 2-3 дақиқа бо истифодаи низомҳои интиқоли маблағ анҷом дода мешавад. Барои ин мизоҷ бояд худаш ба шӯъбае, ки хизматрасонии интиқоли маблағҳоро мерасонад, ояд. Инчунин, бояд ному насаби гирандаи маблағ, кишвар ва нуқтаи қабулкунанда (дар баъзе низомҳо) қайд карда шавад. Баъд аз ворид намудани маълумот ба низом,  пардохти маблағ ва комиссия, оператор ба фиристонанда рамзе, ки бо он интиқолро гирифтан мумкин аст, мегӯяд. Баъзе низоми интиқоли маблағҳо, барои бароҳатӣ, паёми SMS-иро бо рамз ба рақами телефони ирсолкунанда ва гирандаи маблағ ирсол мекунанд.

Аз сабаби босуръат будани интицоли маблағҳо ва нисбатан камтар будани талаботҳо барои амалӣ гардонидани он, имконияти интиқол додани воситаҳои пулӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ, созмонҳои ҷиноӣ ин низомҳоро барои интиқол додани маблағҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм истифода бурда метавонанд. Аз ин рӯ, бонкҳои марказии кишварҳо тадбирҳои маҳдудкунандаи иловагиро барои коҳиш додани ин хатарҳо ҷорӣ менамоянд. Масалан, дар Тоҷикистон, бе пешниҳоди ягон ҳуҷҷат, дар давоми як рӯзи корӣ на зиёда аз 28 000 сомонӣ бо қурби БМТ интиқол додан мумкин аст. Барои интиқол кардани маблағи зиёдтар бонкҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаро талаб менамоянд.

Намудҳои интиқоли маблағ

Имрӯз чунин намуди интиқоли маблағро истифода намудан мумкин аст:

- Интиқол ба суратҳисоби бонкӣ бо воситаи SWIFT.

- Интиқол тавассути низоми байналмиллалии пардохтӣ.

- Интиқол тавассути почта.

- Интиқоли электронӣ бо маблағҳои виртуалӣ.

Интиқол ба воситаи SWIFT.

Ин усул дорои суръати баланд нест. Фарогирии минтақа бениҳоят бузург аст, зеро дар SWIFT зиёда аз ҳашт ҳазор ташкилотҳои бонкӣ дар саросари ҷаҳон пайваст шудаанд. Бар хилофи низомҳои интиқоли маблағҳо, ба воситаи SWIFT маблағро метавон ба суратҳисоби бонкии гиранда интиқол дод.

Муддати интиқол ба ҳисоби миёна аз 1 то 3 рӯзро ташкил медиҳад, мавҷудияти суратҳисобҳои муросилотӣ дар бонкҳои пешсафи ҷаҳон бошад, имконияти кам кардани вақти интиқолро то якчанд соат имкон медиҳад. Аризаро барои интиқол дуруст, бо номбар кардани рақамҳои суратҳисоб навиштан лозим аст. Дар акси ҳол маблағи интиқол дар ҳисобҳои муросилотӣ нопадид гаштанаш мумкин аст. Бозгашти интиқоли нодуруст фиристодашуда якчанд рӯзро ташкил медиҳад.

Интиқоли маблағ тавассути низомҳои байналмиллалии пардохтӣ

Бартарии асосӣ - суръат. Ба чунин низомҳо Western Uniоn, MoneyGram, Contact, UniStream ва диг. дохил ҳастанд. Гирандаи маблағи интиқолшуда бояд аризаро дуруст бо нишон додани ному насаби фиристонанда, рамз ва маблағ пур кунад. Маблағро дар тамоми нуқтаҳои хизматрасонии низомҳои байналмилалӣ фиристодан ва гирифтан мумкин аст. Ҳаҷми комиссия аз шартҳои дохилии низоми алоҳида ва ҳаҷми маблағ вобаста аст.

Камбудӣ: маҳдудият дар ҳаҷми маблағ - он набояд аз 28000 сомонӣ зиёд бошад. Ин низомҳо одатан бо доллар, рубл, баъзан евро кор мекунанд.

Интиқоли маблағ тавассути почта

Ин намуди интиқол соддатарин буда, омадани шахси интиқолдиҳанда бо шиноснома кифоя аст.

Камбудӣ: барои он вақт ҷудо намуда, ба соатҳои кории  почта мувофиқа кардан лозим аст. Агар байни хадамотҳои почтаи давлатҳо шартнома набошад, он гоҳ интиқол додани маблағ душвор мегардад.

Интиқоли электронии маблағ

Ба ин низомҳо WebMoney, Paypal, Яндекс-Деньги ва диг. дохил ҳастанд. Бартарияти асосии онҳо дар фавран гузаштани маблағ, инчунин бемаҳдудиятии маблағи интиқолшаванда мебошад. Ин намуди интиқолро бештар барои хариди мол ва хизматрасонӣ тариқи Интернет истифода мебаранд. Маблағ ҳамчун пулҳои электронӣ ворид мешавад ва онро ба корти пластикӣ гузаронидан мумкин аст. Барои гузаронидани ин амалиёт доштани смартфон ё компютер ва Интернет кифоя аст. Камбудиҳои ин низом сатҳи пасти бехатарӣ ва комиссияҳои баланд мебошанд.

Инчунин дар Тоҷикистон дар баробари низомҳои байналмиллалии пардохтӣ, низоми пардохти миллии Сония, ки интиқолҳоро дар дохили кишвар амалӣ мегардонад, фаъолият дорад.

Дар мавзӯи оянда, мо оид ба дуруст тартиб додани буҷаи оилавӣ сухан меронем.

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.