Имрӯз дар Душанбе Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ва Озарбойҷон ба кор шурӯъ кард. Форумро, ки дар қароргоҳи шаҳрии ҳукумат ҷараён дорад, бо сухани шодбошӣ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз мебахшад.
Дар кори Форум ҳайатҳои 28 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 22 кишвари Лигаи кишварҳои арабӣ, 5 кишвари минтақаи Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон таҳти сарварии вазирони корҳои хориҷӣ ё вазирони иқтисоди давлатҳо иштирок мекунанд.
Назди иштирокчиён суханронии вазири корҳои хориҷии Ҷибути, раиси Шӯрои вазирони Лигаи кишварҳои арабӣ Маҳмуд Алӣ Юсуф ва Дабири кулли Лигаи кишварҳои арабӣ Аҳмад Абулгейт дар назар аст.
Дар ҷараёни кори форум баррасии масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории иқтисодӣ, шарикӣ, мусоидат ба густариши муносибатҳо миёни давлатҳои арабӣ ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, ҳамчунин масоили таъмини амният ва субот дар минтақа ба нақша гирифта шудааст.
Аз рӯи натиҷаҳои чорабинӣ Баёнияи Душанбе қабул шуда, дар фарҷоми кори форум вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов суханронӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки моҳи майи соли 2014 ҳайати Тоҷикистон дар даври якуми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, таҳти унвони “Дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати мутақобила ва сармоягузорӣ” дар Риёз бо пуштибонии Ҳукумати Подшоҳии Арабистони Саудӣ иштирок намуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




