Тӯли 9 моҳи соли равон қурби расмии арзи миллии Тоҷикистон - сомонӣ нисбати доллари амрикоӣ 11,7% поин рафт.
Тавре дар маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қаноатмандӣ қайд мешавад, сарфи назар аз пешбиниҳои бархе аз иқтисодшиносон, ки то 15 сомонӣ боло рафтани қурбро пешгӯӣ мекарданд, қурби пули миллӣ барои 1 доллари ИМА 8,8 сомониро ташкил дод.
Гуфта мешавад, БМТ бо мақсади муътадил гардонидани вазъи бозори дохилии асъор ва кам кардани фишорҳо ба қурб, дар ҳамин давра маҷмӯи чораю воситаҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, аз он ҷумла дахолатҳои бевоситаи асъориро анҷом дод.
Дар бораи чӣ миқдор маблағ дахолат кардан ба бозори асъор ҷиҳати дар ҳудуди сатҳи пешбинишуда нигоҳ доштани қурби сомонӣ нисбати доллар маълумот дода намешавад. Қайд мекунем, ки дар буҷети давлатии соли 2017 қурби сомонӣ нисбати доллари амрикоӣ дар сатҳи 9,16 сомонӣ зикр шудааст.
«Татбиқи чораҳои мазкур имконият дод, ки фарқияти назарраси дар байни қурбҳо мавҷудбуда, ба маротиб кам шуда, хариду фурӯши асъори нақд аз бозори ғайрирасмӣ ба бозори расмӣ баргардонида шавад, - зикр мегардад дар маълумот. - Дар баробари ин, баландшавии қурби нақдии доллари ИМА ва зиёдшавии фарқияти байни қурбҳои расмӣ ва мубодилавӣ боздошта шуд».
Қобили зикр аст, ки аввали сол қурби расмии 1 доллари ИМА нисбати сомонӣ ба 7,87 сомонӣ баробар буд. Давоми тамоми соли 2016 қурби арзи миллӣ нисбати доллари амрикоӣ ба андозаи 10,8% поин рафт.
Ҳамчунин лозим ба ёдоварист, ки охири соли 2015 ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъор дар Тоҷикистон баста шуда, аз он замон тамоми амалиёти марбут ба асъор танҳо дар бонкҳо анҷом дода мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




«Рыба на крючке» - обладатель Гран-при Международного кинофестиваля «Тоджи Сомон». Кто и какие награды ещё получил?
Генпрокуроры Таджикистана и Кыргызстана обсудили сотрудничество в сфере кибербезопасности
Банковский надзор по вопросам экологических рисков и зеленого финансирования: сотрудники НБТ прошли обучение по программе CIAT
Победный дебют: бывший тренер женской сборной Узбекистана стартовал с успеха в Таджикистане
1500 военнослужащих и сотни единиц техники: в Таджикистане начались учения «Нерушимое братство-2025»
Гонка Асхаба Тамаева в Душанбе. В Таджикистане разрешены автомобильные гонки?
Как в Душанбе отпраздновали древний праздник Мехргон
В Душанбе открыли новый промышленный городок и запустили три крупных предприятия
Казахстан ограничит экспорт говядины до конца 2025 года. Отразится ли это на таджикском рынке?
МВД Таджикистана задержало подозреваемого в нападении на женщину в Казани. Он будет передан российским коллегам
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста