"Уралские авиалинии" - ширкати ҳавопаймоии Русия мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон бидуни огоҳии пешакӣ 30 дарсади парвозҳои ин ширкатро кам карданд, ки "як талоши берун кардани ширкатҳои русӣ ва монополия кардани бозор" аст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ширкати русӣ 27 март бо нашри як изҳорот дар посух ба иддаои ҷониби Тоҷикистон, ки ин ширкат пешакӣ барои дарёфти иҷозаи парвоз муроҷиат накардааст, гуфт, 50 рӯз қабл аз оғози мавсими нави парвоз, ба мақомоти Тоҷикистон дархост фиристода, ҳамаи расмиёти заруриро иҷро кард, аммо ҷониби Тоҷикистон иҷозаи парвозҳоро надод.

Ширкат мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон бидуни огоҳии пешакӣ 30 дарсади парвозҳои ширкатро кам кард. Мудирияти "Уралские авиалинии" мегӯяд, аз ин амалкард тасаввуре ҳосил мешавад, ки "ширкатҳои ҳавопаймоии русиро ба хотири монополия кардани бозори ҳавопаймоии Тоҷикистон аз бозор берун мекунанд".

Чун ба иддаои "Уралские авиалинии", ширкат аз соли 1994 ба самти Тоҷикистон парвозҳо анҷом медиҳад ва тасмими ҳукумати Тоҷикистон мувозинаи парвозҳоро, ки ба фоидаи ширкатҳои Тоҷикистон ташаккул ёфта буд, вайрон кард.

Моҷарои ҳавоӣ миёни Душанбеву Москва пас аз он сар зад, ки Тоҷикистон рӯзи 12-уми марти имсол ба ширкати русии "Уралские авиалинии" иҷозати парвоз дар масири нави Перм-Душанберо надод.

Ҷониби Тоҷикистон ширкатҳои русиро ба нақзи усули паритет ва ё баробарӣ айбдор сохта ба ҳавопаймоҳои ширкатҳои урсӣ иҷозаи парвоз намедиҳанд. Ҷониби Русия дар такя ба созишномаи қаблан ҳосилшуда парвози ширкатҳояшро мувофиқ ба созишнома медонанд ва аз Тоҷикистон талаб дорад ба парвози ширкатҳо иҷозат бидиҳад.