Соли 2017 ҳаҷми интиқоли пул аз Русия ба кишварҳои Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ 21% - то 48 млрд. доллар афзуд, гуфта мешавад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ, ки рӯзи душанбе, санаи 23 апрел мунташир шуд.

«Ҳаҷми интиқоли пул ба кишварҳои Аврупо ва минтақаи Осиёи Марказӣ баъди коҳиши сесола босуръат афзуд. Сабабҳои асосии афзоиш суръати бештар баландтари афзоиш ва дурнамои бо кор таъмин буданд дар минтақаи Аврупо, Русия ва Қазоқистон; мустаҳкам шудани қурби евро ва рубл нисбати доллар; заминаи пасти муқоиса баъди қариб поинравии 22 фоиза дар соли 2015 мебошад», - омадааст дар ҳуҷҷат.

Бино ба арзёбии мутахассисон, дар робита ба суботи афзоиши иқтисод дар минтақа соли равон ин нишондиҳанда 6% - то 51 млрд. меафзояд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.