Шумори оилаи занбӯри асал дар Тоҷикистон аз 220 ҳазор дар соли гузашта имсол ба 228 ҳазор адад расонида шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон асали хушсифат истеҳсол шуда, айни замон он ба Русия, Қазоқистон, Афғонистон, Амороти Муттаҳидаи Араб содирот мешавад.

Нархи асал дар Тоҷикистон аз 7-8 доллар барои як кило оғоз мегардад
Asia-Plus

“Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор навъи растаниҳои гулдор парвариш меёбанд, ки аксарияташон барои истеҳсоли асасл мувофиқ меоянд. Майдони заминҳои кишоварзӣ ва ҷангал 4,4 млн. гектарро ташкил дода, захираи асали онҳо ба 132 ҳазор тонна баробар аст, ки имкон медиҳад шумори оилаи занбӯри асал то ба 500 ҳазор адад расонида шавад, лекин сатҳи истифода ҳозираи захираҳои асал ҳатто ба нисфи имконоти мавҷуда намерасад”, - мегӯянд дар Вазорати кишоварзӣ.

Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, тақрибан 200 ҳазор адад оилаи занбӯри асал ба аҳолӣ ва боқимонда - ба хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ тааллуқ доранд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, соли 2018 дар Тоҷикистон зиёда аз 4,1 ҳазор тонна асал истеҳсол шудааст, ки аз нишондиҳандаи соли пешин каме зиёдтар мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.