Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ бар ин назар аст, ки Эрон барои интиқоли молу маҳсулоти Тоҷикистон кишвари хуби транзитӣ аст.
“Эрон дорои бандарҳои зиёди баҳрӣ буда, молу маҳсулоти Тоҷикистон тариқи онҳо метавонанд ба кишварҳои дигари ҷаҳон интиқол ёбанд”, - изҳор дошт дипломати эронӣ рӯзи 23-юми декабр дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии ду кишвар дар Душанбе.
Собирӣ қайд кардааст, ки дар муносибатҳои Тоҷикистону Эрон пули мустаҳками тиҷоратӣ бунёд шуда, барои сармоягузорони эронӣ ва густариши робитаҳои тиҷоратии байни ду кишвар муҳити мусоид фароҳам меоварад.
Тобистони соли равон вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин зимни мулоқот бо раисҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ дар Теҳрон аз ӯ имкони истифодаи бандари Чобаҳорро барои транзити молҳои Тоҷикистон дархост кард.
Аввали соли ҷорӣ ба вазифаҳои роҳбарони сафоратҳои Тоҷикистон дар Теҳрон ва Эрон дар Душанбе дипломатҳои соҳибтаҷриба Низомиддин Зоҳидӣ ва Муҳаммадтақӣ Собирӣ таъин шуда, муносибатҳо байни ду кишвар, ки аз соли 2016 ба сардӣ гароида буданд, рӯ ба беҳбудӣ оварданд.
Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, тайи панҷ соли охир ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Эрон қариб се баробар – аз ҳудуди 295 млн. доллар дар соли 2013 то ба 97 млн. доллар дар соли 2018 коҳиш ёфт.
Ҳаҷми муомилоти мол байни кишварҳо тӯли 11 моҳи соли равон наздики 58 млн. долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35% кам шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Театр нового времени. Как «Ренессанс» оживил мюзикл в Душанбе
«Кто такую замуж возьмет?» Как вырастить дочь независимой от чужого мнения?
Что лечат в недавно открывшемся в Душанбе Европейском центре репродуктивного и семейного здоровья?
Когда вас сносят. Как компенсируется перевозка домашних вещей и съем временного жилья?
Израиль начал отвод войск: перемирие с ХАМАС вступило в силу
Марат Хуснуллин оценил строительство русского драмтеатра в Душанбе
Омбудсмен Таджикистана раскритиковал нарушение прав беженцев в Таджикистане
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Саммит «Центральная Азия - Россия», запрет электросамокатов и скутеров и новая эра в таджикском футболе
Трамп объявил о введении пошлин в 100% на товары из КНР
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 11 октября 2025 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста