Ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои давлатии дахлдор дастур додааст, ки сарчашмаҳои нави андозбандӣ пайдо кунанд.
“Вазорати молия дар ҳамдастӣ бо Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ чораҳои иловагӣ андешад”, - қайд мешавад дар қарори ҳукумат “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020”.
Сохторҳои давлатии дар боло зикршуда ва дигар вазорату идораҳои марбутаи давлатӣ уҳдадор шуданд, ки “ҷиҳати сифатнок таъмин кардани нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ чораҷӯӣ намоянд”.
Қобили зикр аст, ки нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар соли гузашта иҷро нашуда, бинобар ин, ба буҷет аз маблағи пешбинишуда 516 млн сомонӣ (зиёда аз 53 млн доллар) камтар маблағ ворид шуд.
Раиси Кумитаи андоз Давлатзода ба рӯзноманигорон хабар дода буд, ки 432 млн сомонӣ аз ин маблағ аз ҳисоби ширкатҳои мобилӣ гирифта нашудааст.
Ӯ зикр кард, ки дар муқоиса бо солҳои пешин фаъолияти бисёре аз ширкатҳои мобилӣ суст шудааст.
Зимнан илова шуд, ки аз як тараф, агар қисмати даромади буҷет ҳамасола дар ҳоли зиёдшавӣ бошад, аз ҷониби дигар, сарчашмаҳои андозситонӣ кам шуда истодаанд.
Дар дурнамои миёнамуҳлат ҳукумат ҳамасола 10% зиёд кардани нақшаи ҷамъоварии андозро пешбинӣ кардааст.
Соли 2020 воридшавии маблағҳо ба буҷет аз ҳисоби андоз дар ҳаҷми 17,9 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 1,6 млрд сомонӣ зиёдтар аз соли гузашта аст.
Ҳиссаи воридшавии маблағҳо аз андоз дар ҳаҷми умумии даромади буҷети ҷумҳурӣ наздики 70%-ро ташкил медиҳад.
Охири моҳи октябри соли гузашта Кумитаи андоз ба вазорату идораҳои дахлдор мактуб фиристод, ки дар он манбаъҳои нави афзоиши воридшавии маблағ ба буҷет аз ҳисоби андоз пешниҳод шудаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.






Почему жительница Кубодиёна напал с ножом на своих детей? В прокуратуре раскрыли подробности
«Напрягала неизвестность, ожидание». Побывавший в тюрьме у талибов Святослав Каверин о том, что следует знать о современном Афганистане
«Таджикистан для меня – серьезный вызов». Федерация футбола официально представила нового главного тренера сборной
Опасный мусор. Как утилизируют медицинские отходы в Таджикистане?
На трассах между городами Таджикистана установили радары
Учитель, соединивший культуры: к 100-летию Хасана аль-Наккаша
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Очередной лимит света, учитель под следствием и сколько стоит комфортная жизнь в Душанбе
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 октября 2025 года
Садовод из Джайхуна создал новый сорт граната – «Карими». Специалисты считают его национальным достоянием
ЕБРР запускает платформу онлайн-менторинга в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста