Дар лоиҳаи Кодекси нави андози Тоҷикистон камшавии шумори андозҳо аз 10 номгӯйи амалкунанда то ба 7 номгӯй пешбинӣ мешавад.
Аз ҷумла, коҳиши теъдоди онҳо аз ҳисоби ихтисори андоз аз фурӯши алюминийи аввалия дар назар буда, минбаъд он дар шакли пардохт пешбинӣ мешавад.
Таҳиягарони лоиҳа пешниҳод мекунанд, ки андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бекор ва ба таркиби андози аксиз дохил карда шавад.
Ғайр аз ин пешниҳод мешавад, ки андози воситаи нақлиёт ва андозҳо аз молу мулки ғайриманқул муттаҳид карда шаванд.
Ба ин тариқ, дар сурати қабули лоиҳаи нави Кодекс, дар қонунгузории Тоҷикистон 6 андози умумидавлатӣ (андоз аз даромад, фоида, ААИ, аксизҳо, андози иҷтимоӣ, андоз аз захираҳои табиӣ) ва 1 андози маҳаллӣ боқӣ мемонанд.
Дар ҳамин ҳол, шумораи низомҳои махсус аз 4 адад ба 5 адад зиёд хоҳад шуд. Зимнан низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ ва низоми имтиёзноки андозбандии субъектҳои бозори коғазҳои қиматнок хориҷ гардида, низоми андозбандии бонкдории исломӣ ва низоми андозбандии фаъолияти адвокатӣ илова карда мешавад.
Бо мақсади кам намудани шакли назорату санҷишҳо ва дар ин замина маҳдуд кардани дахолат ба фаъолияти андозсупорандагон, таҳиягарони лоиҳа пешниҳод мекунанд, ки бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ низоми мукаммали назорат иборат аз санҷишҳои андоз ва мониторинги андоз ворид карда шуда, назорати андозӣ аз 9 адад ба 2 адад кам карда шавад.
Ёдрас мекунем, моҳи майи соли гузашта раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон супориш дод, ки бо назардошти манфиатҳои шахсии субъектҳои соҳибкорӣ ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ Кодекси андоз дар таҳрири нав таҳия шавад.
Аз қабули Кодекси андози ҳозира ҳамагӣ шаш сол сипарӣ шуда, он 1-уми январи соли 2013 мавриди амал қарор гирифта буд.
Лоиҳаи Кодекси нави андоз айни замон дар ҳукумати кишвар мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар назар аст, ки қонунгузории нави андози ҷумҳурӣ аз моҳи сентябри соли равон мавриди амал қарор мегирад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Почему жительница Кубодиёна напал с ножом на своих детей? В прокуратуре раскрыли подробности
«Напрягала неизвестность, ожидание». Побывавший в тюрьме у талибов Святослав Каверин о том, что следует знать о современном Афганистане
«Таджикистан для меня – серьезный вызов». Федерация футбола официально представила нового главного тренера сборной
Опасный мусор. Как утилизируют медицинские отходы в Таджикистане?
На трассах между городами Таджикистана установили радары
Учитель, соединивший культуры: к 100-летию Хасана аль-Наккаша
ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Очередной лимит света, учитель под следствием и сколько стоит комфортная жизнь в Душанбе
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 октября 2025 года
Садовод из Джайхуна создал новый сорт граната – «Карими». Специалисты считают его национальным достоянием
ЕБРР запускает платформу онлайн-менторинга в Таджикистане
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста