Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодӣ (МОИ)-и “Данғара” муносибат доштани ширкати “Ҳасан ва Ко”-ро ба сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт дар қаламрави ин минтақа рад кард.

Пас аз рӯзи 18 сентябр ба нашр расидани маводи “Чаро корхонаи бузурги коркарди нафти Данғара фаъолият намекунад?” маъмурияти МОИ “Данғара” ба идораи “Азия-Плюс” мактуб ирсол намуд.

Дар мавод зикр гардида буд, ки сохтмони корхонаи коркарди нафт дар МОИ «Данғара» бо иқтидори солонаи 1,2 млн. тонна нафт соли 2014 шурӯъ шуда, онро ширкати муштараки TK-oil-и Тоҷикистону Чин бунёд кард, ки аз ҷониби ширкатҳои чинии Dong Ying heli Investment and Development ва «Ҳасан ва Ко»-и Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз соли 2013 директори ҶСП “Ҳасан ва Ко” Ҳасан Файзов дар ин хусус ба “Азия-Плюс” маълумот дода буд.

Ӯ он замон қайд карда буд, ки ҶСП “Ҳасан ва Ко” ва Dong Ying heli Investment and Development Co. Ltd-и Чин КМ «ТК-oil” таъсис дода, ояндаи наздик сохтмони корхонаи коркарди нафт (ККН) бо иқтидори навбати аввали 300 ҳазор тонна дар як сол ва минбаъд то ба зиёда аз 1 млн тонна расонидани иқтидори солонаи он оғоз мегардад.

«Барои корхона дар МОИ «Данғара» қитъаи замин ҷудо гардид. Таҷҳизоти корхона истеҳсоли Чин ва ашёи хом воридотӣ ва маҳаллӣ хоҳад буд. Ҳиссаи ҷонибҳо ба таври зайл тақсим шудааст: 10% ба ҷониби Тоҷикистон ва 90%-и боқимонда ба ҷониби Чин тааллуқ дорад», - шарҳ дода буд он вақт Ҳасан Файзов.

Ҳамчунин тайи шаш соли охир маълумот дар бораи иштироки “Ҳасан ва Ко” дар сохтмони ин ККН дар маълумоти ВАО, ки ба бунёди ин иншоот рабт доштанд, мунтазам оварда мешуд. Лекин танҳо акнун рад мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.