Бонки осиёии рушд (БОР) соли 2020 ба Тоҷикистон ба маблағи 320 млн доллар кумаки бебозгашт расонид, хабар медиҳад намояндагии доимии БОР дар Душанбе.

Бастаи кумакҳои мазкур аз лоиҳаҳо дар соҳаи нақлиёту бахши кишоварзӣ ва захираҳои табиӣ, идоракунии бахши давлатӣ, маориф ва энергетика, инчунин кумаки таъҷилӣ барои муқовимат бо пандемияи коронавирус иборат буданд.

Охири соли 2019 намояндагони ин Бонк хабар доданд, ки мутобиқи нақшаи навшудаи индикативӣ ва бо ишора ба мавҷуд будани маблағ ва омодагии лоиҳаҳо, давоми солҳои 2020-2022 Тоҷикистон дар ҳаҷми 404 млн доллар кумаки молиявӣ мегирад.

Дар соли 2020 барои дастгирии ҷумҳурӣ ҷудо гардидани ҳудуди 140 млн доллар ба нақша гирифта шуда буд.

То ин дам, замони маъқул донистани нақшаи индикативии кумак давоми солҳои 2019-2021 дар бораи ба ҷумҳурӣ пешниҳод намудани 125 млн доллар дар соли 2020 сухан мерафт.

Шурӯъ аз соли 2018 Тоҷикистон аз БОР танҳо бар асоси бебозгашт кумак дастрас мекунад. То ин вақт давоми солҳои 2015-2017 кумак тариқи 50/50, яъне 50% - қарз ва 50% - грант расонида мешуд.

Пурра гузаштан ба грантро намояндагони БОР чунин маънидод карданд, ки уҳдадориҳои нави молиявӣ сандуқи қарзии бе ин ҳам зиёди Тоҷикистонро душвортар мегардонанд.

Қаблан аз соли 2008 то соли 2015 Тоҷикистон бо сабабҳои дар боло зикршуда аз ин муассиса танҳо маблағгузории бебозгашт мегирифт.

БОР яке аз бузургтарин мададрасонони Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз соли 1998 то ин дам Бонки мазкур ба Тоҷикистон зиёда аз 1,9 млрд доллар ҷудо кардааст, ки беш аз нисфи он ба грантҳо рост меояд.

Давоми солҳои 2021-2023 ин ниҳоди молиявӣ дар шакли грант ба Тоҷикистон ҷудо кардани зиёда аз 323 млн долларро ба нақша гирифтааст.

Кумаки БОР ба Тоҷикистон давоми солҳои 1998-2019

Манбаъ: БОР

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.