Парлумони ҷумҳурӣ имрӯз якдилона созишномаро дар ин хусус тасдиқ намуд. Созишнома моҳи августи соли гузашта байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАОР) ба имзо расидааст.

Зимни суханронӣ дар иҷлосияи палатаи поёнии парлумон муовини вазири молияи Тоҷикистон Карим Гулмуродзода изҳор дошт, ки БАТР дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии Душанбе” барои барқарор намудани хатҳои троллейбуси пойтахт 8 млн доллар ҷудо кард.

Дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа зеристгоҳҳои мавҷуда, инчунин хатҳои троллейбус барқарор шуда, ноқилҳои фидерӣ насб мешаванд.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 8,0 млн. доллари амрикоӣ буда, аз он маблағҳои қарзӣ 5,2 млн. доллари амрикоӣ ва маблағҳои грантӣ аз БАТР 2,8 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Гулмуродзода, инчунин барои амалӣ гардонидани лоиҳа кумаки техникӣ дар ҳаҷми 750 ҳазор евро пешниҳод гардидааст.

Тибқи маълумоти шаҳрдориии Душанбе, ККВД “Троллейбус” ба 7 хатсайри троллейбусҳо хизматрасонӣ мекунад.

Соли 2019 ба пойтахт троллейбусҳои нави истеҳсоли Беларус оварда шуданд.

Зикр гардида буд, ки ин навъи троллебусҳо аз намунаҳои пешина бо истифодаи сарфакоронаи барқ фарқ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки аввалин троллейбусҳо дар Душанбе моҳи майи соли 1955 ба равуо оғоз карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.