Фаъолияти бонизоми тамоми соҳаҳои иқтисод  ва некуаҳволии мардуми кишвар аз интиқол ва дастрасии маводи сухт вобаста аст. Ҳамагон таҷриба кардаанд, ки болоравии нархи он ногузир ба болоравии арзиши ҳамлу нақл ва гаронии маҳсулот дар бозорҳо меоварад. Зиёда аз ин он ба афзоиши сатҳи тавварум ва беқурб шудани пули милли низ сабаб мегардад. Оё мо метавонем аз ин падидаи номатлуб ҷилавгирӣ кунем?

Агар мо роҳҳалҳоро дар доираи манфиатҳои фардӣ, гурӯҳӣ ва ё соҳавӣ ҷустуҷӣ кунем, ҳаргиз на. Ягона роҳи дуруст - ин ҷустуҷуи роҳҳалҳо аз нигоҳи волоияти манофеи иқтисоди миллӣ аст, яъне манфиатҳои иқтисоди миллӣ ва пеш аз ҳама мардуми шарифи кишвар барои мо арзиши мутлақ дошта бошанд  ва манфиатҳои фардиву гурӯҳиву соҳавӣ дар доираи ин парадигма ҳаллу фасл карда шаванд.

Ин нукта, яъне таъмини волоияти манофеи иктисоди миллӣ яке аз вазифаҳои бунёдии давлат аст, ки дар  партави иҷрои он давлат хаққи қонунии ҷилавгирӣ аз фаъолияти инҳисорӣ ва ҳама гуна зуҳуроти ба иқтисоди миллӣ зарароварро дорад.

Роҳҳалли 1. Додани имтиёзҳои андозӣ – талаби воридкунандагон маводи сӯхт

Таъсири омилҳои берунӣ  ва андозҳои дохилӣ ба нархи сузишвории интиқоли чашмрас аст. Бо вуҷуди ин, имкониятҳои мудирияти таъсири омилҳои беруна ба нархи маводи сӯхт хеле маҳдуд аст, ва ҳоло ин имкониятҳо дар шакли воридоти он бидуни пардохти боҷи содиротии маъмул дар ФР амалӣ шудааст. 

Додани имтиёзҳои андозӣ, дар шароити иқтисоди бозорӣ, ба нобаробарии субъектҳои иқтисодӣ ва рушди падидаҳои дигари номатлуб дар иқтисоди миллӣ меоварад ва ба имкониятҳои молиявии давлат низ таъсири манфӣ мерасонад. Пас, истифодаи ин роҳҳал, танҳо дар ҳолатҳои фавқулодда, барои давраи кутоҳмуддат ҷоиз буда, дар дигар ҳолатҳо номатлуб аст.


Роҳҳалли 2. Фароҳам овардани муҳити созгор барои истифодаи сузишвории алтернативӣ 

Намудҳои сузишворӣ, аз ҷумла бензин, гази моеъ (пропан-бутан), сӯзишвории дизелӣ (то 30%) ва гази табӣ (дар асоси метан)-и баҳамивазшаванда мебошанд.  Аммо то кунун, новобаста аз имконияти воқеъии  интиқоли гази табиӣ, он танҳо барои қонеъ кардани талаботи корхонаҳои алоҳида  истифода мешавад.  Ин намуди маводи сӯхт, дар замони кунунӣ, ҳамчун маводи аз ҷихати экологӣ тозатар ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самараноктар бояд мавриди тавваҷуҳи зиёди дастандаркорон ва соҳибкорон қарор мегирифт ва дар қатори дигар намудҳои маводи сӯхт дастраси иқтисоди миллӣ мебуд. 

Бо дарназардошти нархи хариди гази табиӣ, арзиши ҳамлу нақли он ва арзиши истеъмолии он дар муқоиса бо дигар намудҳои сӯзишворӣ, тамоми эъродҳо бар зидди истифодаи васеъи он дар иқтисоди миллӣ  ночиз ва сохташуда аст. Ҳамчунин эъродҳо дар мавриди талафоти буҷа (камшавии андозҳо) ҳангоми истифодаи гази табиӣ низ қобили тавваҷуҳ нестанд, зеро он агар барои иқтисоди миллӣ фоидаовар аст,  пас зараровар будани он барои буҷа номумкин аст.  Зиёда аз ин буҷа як қисми даромади дар иқтисоди миллӣ офаридашударо таҷассум мекунад ва таҳаввули он мантиқан пойбанди мақсади ниҳоӣ – рушди иқтисоди миллӣ аст.

Ҳамзамон, метавон бо истифода аз усулҳои маъмулии андозбанди гардиши ҳамаи намудҳои сӯзишвориҳои алтернативиро  тавре ташкил кард, ки гардиши  онҳо барои буҷа нейтрал (хунсо) буда, истифодаи каму беши онҳо ба интихоби муштариён  гузошта шавад

Дар ин росто, бояд гуфт, ки ин амалиёт (нейтрал будани онҳо барои буҷа) мутаносибан ба арзиши истеъмолии сӯзишвориҳои баҳамивазшаванда иҷро карда шавад. Масалан нархи 1л. бензин 9 сомонӣ, гази моеъ 5.5 сомонӣ буда, ҳамчунин нархи 1 метри мукааби гази табиӣ ( бо дарназардошти тамоми андозҳои дар нархи бензин буда)метавонад тахминан 4 сомониро ташкил диҳад. Дар ин ҳолат метавон самаранокии онҳоро (ҳангоми нейтрал будани гардиши онҳо барои буҷа) аз нигоҳи иқтисоди миллӣ баҳогузорӣ кард.



Аз  нигоҳи таъсири истифодаи гази табии ба иқтисоди миллӣ, он нисбат ба дигар намудҳои маводи сӯхт 1.8 маротиба муфид хоҳад буд, яъне он метавонад хароҷоти хонаводаҳо, корхонаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидориро барои хариди маводи сӯхт 45% сарфа кунад. Пас, мебояд аз ин имконот истифода кард ва роҳҳои ҳавасмандгардонии соҳибкорони ватаниро, ки метавонанд бидуни истифодаи маблаӯҳои буҷавӣ, истифодаи васеъи гази табииро дар иқтисоди миллӣ таъмин кунанд, дарёфт.  Дар баробари истифодаи ин роҳҳал, ҳамзамон метавон сарфаи азими иқтисодиро дар шакли беҳтар шудани тавозуни пардохт (сарфаи миллионҳо доллар ва ё дигар намуди асъор) ва кам шудани хароҷоти хонаводаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ барои ҳамлу нақли бор ва мусофирон ба даст овард.

Аз ин хотир, соҳибкорони ватанӣ ва иттиҳодияҳои онҳо, аз ҷумла, анҷумани воридкунандагони маводи сӯхт  бояд ба ин имконоти сармоягузорӣ ва гирифтани фоида тавваҷуҳ кунанд ва дар барқароркунии бозори гази табиӣ саҳмгузор бошанд ва аз ҳама гуна иқдомҳои инҳисорӣ, ки бар зарари иқтисоди миллӣ аст, даст кашанд.  Дар акси ҳол, ин равзанаи имкониятҳо дер  ё зуд дар ихтиери  сармоягузорони хориҷӣ қарор хоҳад гирифт. 

Роҳҳалли 3. Фароҳам овардани муҳити созгор барои азхудкунии конҳои нафту газ.

Замини кишвар аз канданиҳои фоиданок, аз ҷумла  захираҳои нафту газ орӣ нест. Танҳо конҳои дар ҳавзаҳои Амударё ва Фарғона ҷойдошта дорои зарфиятҳои азиме ҳастанд, ки метавонанд барои якчанд даҳсола эҳтиёҷоти кишварро ба нафту газ таъмин кунанд.

Дар ҷаҳони муосир технологияҳои зарурӣ ва имконоти ҷалби сармоя, низ вуҷуд дорад. Моро мебоист баҳри фароҳам овардани муҳити созгор барои ҷалби сармоя ва технологияҳои пешқадам чораҷӯӣ кунем. Системаи андозбандӣ, роҳу усулҳои таъмини шаффофият ва пешгири аз омилҳои номатлубро дар азхудкунии лоиҳаҳои сармоягузорӣ таҷдиди назар кунем. Баҳогузории фаъолияти тамоми мансабдорони соҳа мувофиқ ба саҳмашон дар  ҷалби сармояи бевосита ва технологияҳои муосир аз рӯйи пешниҳодҳои худ ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, амалӣ карда шаванд. Ҳамаи проблемаҳои монеъшаванда барои ҷалби сармоя  бояд дар кутоҳмуддат ҳаллу фасл карда шаванд.

Набояд он ҳолате, ки дар ҳисобу ҳасади бонуси обунавӣ ҷой дошту дорад ва дар муддати 10 сол то инҷониб ҳалли ниҳоии худро наёфтааст, такрор шавад. Зеро сармоя суботро мехоҳад, шаффофиятро мехоҳад ва аз ноҳияе, ки ин матоъ камъёб аст, фирор мекунад. 

Имрӯз, яке аз хавфҳое, ки  моро таҳдид мекунад ин қафомонии технологии иқтисоди миллӣ аст. Пас, моро зарур аст аз ҳама гуна имконияте, ки моро аз ин хавф ба қадри мӯйе дур мекунад, самаранок истифода барем.  Фароҳам овардани муҳити созгор барои азхудкунии конҳои нафту газ низ, бояд аз ин зовия баррасӣ шавад, то дар давраҳои минбаъда имконоти воқеъии таъмини иқтисоди миллӣ бо нафту гази худӣ пайдо шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.