Энергетикҳои Тоҷикистон танҳо ҳафтаи гузашта ба ҷамъоварии захираҳои об дар обанбори Қайроққум барои истеҳсоли нерӯи барқ дар фасли зимистон оғоз карданд. Ин бо он рабт дорад, ки тобистони хушксоли гузашта қариб тамоми оби Сирдарё ба эҳтиёҷоти обёрии Қазоқистону Ӯзбекистон ва кишоварзони маҳаллӣ равона шуд.

Директори Нерӯгоҳи барқи обии Қайроққум Файзулло Авезов ба «Азия-Плюс» гуфт, тобистони соли ҷорӣ аз ҳисоби лимити обгирии неругоҳи мазкур барои обёрии заминҳои кишоварзӣ ба Қазоқистон ва Ӯзбекистон, инчунин баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд 1,6 млрд метри мукааб об дода шуд.

Ӯ изҳор намуд, ки 15 сентябри соли ҷорӣ, яъне то ба охир расидани мавсими парвариш ва нашъунами зироатҳо, дар обанбори Қайроққум тақрибан ҳамин миқдор об (1,6 млрд метри мукааб) мавҷуд буд.

Авезов таъкид кард, ки об ба кишварҳои ҳамсоя тибқи ҷадвали муайян мувофиқи қарордодҳои бо ин кишварҳо баимзорасида дода шуд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2015 ҳаҷми (лимити) обгирии Тоҷикистон аз Сирдарё дар мавсими обёрӣ (моҳҳои апрел-сентябр) ҳамасола зиёда аз 1,9 млрд метри мукааб муқаррар мешавад.

Аммо дар амал ҷумҳурӣ ҳамасола ҳиссаи худро пурра намегирад. Ба ин тариқ, дар давраи баҳору тобистони соли 2020 Тоҷикистон аз Сирдарё 1 млрд 450 млн метри мукааб об гирифт, ки 460 млн метри мукааб ё худ 24% камтар аз ҳаҷми пешбинишуда мебошад.

Тайи ду соли охир бинобар сабаби обуҳавои хушк дар минтақа норасоии шадиди захираҳои об барои обёрии заминҳои кишоварзӣ эҳсос мешавад. Ин ба норасоии захираҳо дар обанборҳо боис мегардад, зеро захираҳои мавҷуда барои обёрии заминҳо ҳам дар қаламрави Тоҷикистон ва ҳам берун аз ҳудуди он истифода мешаванд.

Обро ба сӯзишворӣ ва техника иваз карданд?

Ёдрас мекунем, ки қаблан Вазорати экология, геология ва захираҳои табиии Қазоқистон дар бораи обгирии иловагии оби полезӣ аз Тоҷикистон хабар дода буд. Зикр шуда буд, ки байни Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи моҳҳои июн-август аз обанбори “Баҳри тоҷик” (обанбори Қайроққум) 315 миллион метри мукааб оби полезии иловагӣ ба Қазоқистон додан тавофуқ ҳосил шудааст.

Зикр гардида буд, ки обгирии иловагӣ ба коҳиш додани камбуди он дар мавсими кишт дар минтақаҳои Туркистон ва Қизилордаи Қазоқистон мусоидат мекунад.

Баъдан, Вазорати экологияи Қазоқистон мушаххас кард, ки онҳо обро аз Тоҷикистон ба ивази таҷҳизот ва сӯзишворию равғанҳои молиданӣ мегиранд.

Охири моҳи июл сарвазири Қазоқистон Аскар Мамин ба сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода муроҷиат карда, хоҳиш кард, ки ҳаҷми обпарто аз обанбори Қайроққум то 50 метри мукааб дар як сония зиёд карда шавад.

Ҳамин гуна вазъ дар минтақа дар соли хушки 2020 ба амал омад, ки Тоҷикистон ҳиссаи худро дар тобистон бо кишварҳои ҳамсоя тақсим карда, бинобар он сокинони деҳоти ҷумҳурӣ дар давраи тирамоҳу зимистон ба маҳдудияти сахти барқ ​​дучор шуданд.

Дар Тоҷикистон беш аз 90%-и барқ ​​тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид шуда, дар Қазоқистон ва Ӯзбекистон бошад, то 85% барқ ​​дар нерӯгоҳҳои барқу гармидиҳӣ истеҳсол мешавад.

Захираҳои оби Тоҷикистон

Дар қаламрави Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна 64 километри мукааб (км³), аз ҷумла зиёда аз 98,2% дар ҳавзаи дарёи Амӯдарё ва наздики 1,8%-аш дар ҳавзаи Сирдарё ташаккул меёбад.

Ҷумҳурии мо истифодабарандаи об буда, об дар навбати аввал аввал барои истеҳсоли барқ ва танҳо ҳаҷми начандон зиёди он барои обёрии заминҳои кишоварзӣ истифода мешавад.

Ба кишварҳои поёноб, ки истифодабарандаи об мебошанд, дар давраи кишт ва нашъунамои зироатҳо он дар ҳаҷми зиёд лозим аст.

Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, Тоҷикистон амалан ҳамагӣ 17-20%-и оби дар қаламраваш ташаккулёфтаро истифода мебарад.

Мувофиқи маълумоти ахир, захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ (Амӯдарё ва Сирдарё) миёни кишварҳои минтақа ба таври зайл тақсим шудаанд:

- маҷрои Сирдарё: Ӯзбекистон - 50,5%, Қазоқистон - 42%, Тоҷикистон - 7%, Қирғизистон - 0,5%;

- маҷрои Амӯдарё: Ӯзбекистон - 42,2%, Туркмамнистон - 42,3%, Тоҷикистон - 15,2%, Қирғизистон - 0,3%.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.