Маҷлиси 7-уми иқтисодии Душанбе дар мавзӯи «Равишҳои инноватсионӣ ва рақамӣ ба рушди комплекси агросаноатии Тоҷикистон» бо иштироки 100 нафар бо таваҷҷӯҳ ба баррасии муштараки зарурати инноватсия ва рақамикунонии комплекси агросаноатӣ ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба инкишофи равишҳои навоварона дар агросаноат бо назардошти таҷрибаи чахонӣ, баргузор гардид.
Вохӯрӣ дар формати омехта ҳам бо иштироки бевосита ва ҳам виртуалӣ гузаронида шуда, намояндагони мақомоти ҳукуматӣ ва тиҷорати Тоҷикистонро бо баҳрагирандагони лоиҳа ва шарикони байналмилалӣ мепайвандад. Дар баробари сессияҳои пленарии анъанавӣ иштирокчиён тавонистанд дар форматҳои инноватсионӣ, аз қабили World Café, мубоҳисаҳои фазои кушод ва дарсҳои маҳорат ширкат варзанд. Дар доираи мавзӯи асосии чорабинӣ (Равишҳои рақамӣ), намоишгоҳи шарикони ҷалбшуда ва пешниҳодкунандагони хизматрасониҳо бо маҳсулоташон баргузор гардид, ки ба муваффақияти чорабинӣ мусоидат намуд.
Имрӯз технологияҳои рақамӣ дар истеҳсолоти кишоварзии кишвар ба таври ҷудогона ҷорӣ карда мешаванд. Ин асосан таҳияи замимаҳои мобилии инфиродӣ мебошад, ки дар аксари онҳо то ҳол замимаи васеъ пайдо накардаанд. Ҷонибҳои манфиатдор дар платформаҳои гуногун мушкилоти рушди хизматрасониҳои рақамӣ дар соҳаи кишоварзӣ, коркарди хӯрока ва нассоҷӣ дар кишварро баҳс намуданд. Ҳамин тариқ, дар чаҳорчӯбаи платформаи доимии Ҷаласаи иқтисодии Душанбе масъалаҳои асосӣ бо мақсади таҳияи қарорҳо ва тавсияҳо ба таври васеъ баррасӣ гардиданд.
Иштирокчиён хизматрасониҳои электронии ҳукумат ба агробизнес, имкониятҳои B2B барои агробизнес, технологияҳои молиявӣ барои дастгирии фермерон, рақамикунонии фурӯши агробизнес ва заминаи ҳуқуқии иқтисодиёти рақамиро баррасӣ карданд.
Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/ GIZ “Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ (TRIGGER)” лоиҳаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) барои баланд бардоштани арзиши иловагии истеҳсолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Маълумоти муфид:
Ҷаласаи иқтисодии Душанбе як платформаи таъсисёфта барои муколама миёни бахшҳои хусусӣ ва давлатии Тоҷикистон аст. Он аз ҷониби GIZ аз соли 2014 дастгирӣ карда мешавад. Ҳар сол мавзӯи мушаххас барои муҳокима интихоб карда мешавад. Ҳамкорон аз мақомоти давлатӣ, ки дар баргузории Ҷаласаи иқтисодии Душанбе дар солҳои 2014-2019 саҳми наздик доштанд, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати кишоварзӣ, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «ТоҷИнвест», Палатаи савдо ва саноат, Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияҳои миллии соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистон, Иттиҳоди мушовирони касбии Тоҷикистон ва ҷомеаи интернетии «Навигариҳои иқтисодии Тоҷикситон» мебошанд.
Ҳадафи лоиҳаи Лоиҳаи рушди фарогири деҳот/TRIGGER баланд бардоштани арзиши иловагии истеҳсолоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон мебошад. Мақсади натиҷаи 1-и лоиҳа “Беҳтар намудани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ва муколамаи сиёсӣ” мусоидат ба муколамаи байни субъектҳои хусусӣ ва давлатӣ, пешбурди ислоҳоти кишоварзӣ, иқтисодиёти сабз ва принсипҳои устувори кишоварзӣ мебошад. Он таҳияи сиёсати стратегӣ ва иқтидори институтсионалии Вазорати кишоварзӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва дигар мақомоти давлатиро, ки дар таҳияи сиёсати иқтисодӣ ширкат доранд, ҷиҳати татбиқи ислоҳот ва гузаронидани таҳлили оқилонаи иқтисодӣ дастгирӣ менамояд.
Британия выделяет на помощь Украине полмиллиарда фунтов и передает крупнейший пакет военной помощи
Таджикистан и Узбекистан договорились о транзитном проезде грузовиков через свои территории без разрешений
Чем Нурек очаровал Дэвида Кэмерона
Убийство Салтанат Нукеновой в Астане: Бывшая супруга рассказала о браке с Бишимбаевым
В Казахстане похитили свыше $2 млн, выделенных на содержание дамб
УМВД: В Душанбе 13-летний мальчик покончил жизнь самоубийством, бросившись с 16 этажа
Глобальный порядок, экономика и образование: о чем Кэмерон приехал говорить с лидерами ЦА?
В Таджикистане адвоката обвиняют в мошенничестве: потребовал 200 тысяч за помощь в суде
В Душанбе состоялась выставка детских рисунков, посвященных вакцинации
«Банк Эсхата» приглашает на внеочередное общее собрание акционеров
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста