Дар вохӯрии рӯзи 9 феврал байни вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ зикр шуд, ки соли 2021 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ба 121 млн доллар расид.

Тавре ки дафтари матбуоти Вазорат хабар медиҳад, дар натиҷаи иҷрои супориши сарони ҳар ду давлат гардиши савдои дуҷониба байни Тоҷикистону Эрон дар соли 2021 то ба 121 млн. доллар расида, 2 маротиба зиёдтар  нисбат ба соли 2020 мебошад.

“Ҷонибҳо ҷиҳати истифодаи пурра аз имконот ва иқтидорҳои мавҷуда вобаста ба таҳияи Харитаи роҳ оид ба афзоиш додани гардиши савдои дуҷониба то 500 млн. доллар ва таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон омодагӣ баён намуданд”, - омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, Муҳаммадтақӣ Собирӣ дар навбати худ аз Завқӣ Завқизода даъват кард, ки зимни сафари корӣ ба Эрон аз минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз ҷумла «Чобаҳор» ва шаҳракҳои саноатӣ дар шаҳрҳои Қазвину Машҳад ва вилояти Хуросон ҷиҳати омӯзиши таҷрибаи Эрон дар ин самт боздид намояд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои зикршуда изҳори омодагӣ намуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.