Ҷумҳурии Мисри Араб мехоҳад дар Тоҷикистон намояндагиҳои бонкҳояшро боз кунад. Ин пешниҳодро ҳайати сармоягузории Миср дар мулоқот бо раиси Бонки миллии Тоҷикистон иброз кардаанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба ифтитоҳи намояндагиҳои бонкҳои Мисри Араб дар Тоҷикистон дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким  Холиқзода бо раиси ҳайати сармоягузорони Миср, Осама Муҳаммад Камол  дар Душанбе баррасӣ шудааст. 

Холиқзода гуфтааст, ки дар Тоҷикистон барои ҷалби сармояи мустақим ва фаъолияти озоду бемамониати сармоягузорони хориҷӣ дар бахши иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ шароити созгор ва заминаи меъёрию ҳуқуқии мукаммал фароҳам оварда шудааст.Раиси Бонки миллӣ таъкид кардааст, ки ҷалби сармоягузорӣ яке аз масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ буда, роҳандозии ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мисри Араб дар самти сармоягузорӣ барои роҳандозии лоиҳаҳои гуногун ва сармоягузории бахши бонкӣ ва суғурта  ба мақсад мувофиқ мебошад.

Осама Муҳаммадд Камол ҳавасмандии худро дар мавриди имкониати сармоягузорӣ дар бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла низоми бонкӣ баён кардааст.

Ҳамчунин дар ин мулоқот масъалаҳои марбут ба имконоти саҳмгузорӣ ба сармояи бонкҳои Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони ин кишвар, кушодани ташкилоти суғуртавӣ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни бонкҳои марказии Тоҷикистон ва Миср дар самтҳои гуногуни низоми бонкӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.