Ширкати Tibet Everest Resources Co., Ltd.-и Чин пешниҳод намудааст, ки дар қаламрави Тоҷикистон парки индустриалӣ (саноатӣ)-и металлҳои ранга бунёд кунад, хабар медиҳад Синьхуа.
Гуфта мешавад, амалисозии ин лоиҳаи бузургмиқёсро ширкат дар ҳамдастӣ бо корхонаи фаръии “Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой” ба нақша гирифтааст.
Ба иттилои манбаъ, бунёди парк ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ ба Тоҷикистон мусоидат намуда, 10 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё месозад.
Дар ширкати чинӣ мутмаинанд, ки татбиқи лоиҳа ба рушди иқтисоди кишвар таъсири мусбат хоҳад расонид.
Зимнан зикр мегардад, ки соли гузашта маҳсулоти корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин “50% аз ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноати истихроҷи Тоҷикистон ва 10% аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии кишварро ташкил дод”.
“Ширкати кӯҳию саноатии Тоҷикистону Хитой” соли 2007 дар минтақаи шимоли Тоҷикистон таъсис дода шуда, ба гуфтаи директори генералии ширкат, тайи 15 сол ба яке аз корхонаҳо бузурги саноатии ҷумҳурӣ табдил ёфт ва имрӯз дар он зиёда аз 4 ҳазор нафар машғули коранд.
Директори генералии ширкат Ли Яо Хуэй дар як мусоҳба ба рӯзноманигорон хабар дода буд, ки ширкат ба буҷети Тоҷикистон 33 млрд сомонӣ андоз пардохт намуда, инчунин ба ҳукумати ҷумҳурӣ боз 1,6 млрд сомонӣ кумак кардааст.
В Госдуме предложили вернуть в Россию часть депортированных мигрантов
Великобритания установит лимит на въезд беженцев
Украина потребовала созвать заседание Совбеза ООН из-за размещения ядерного оружия России в Беларуси
Число поврежденных землетрясением домов на севере Таджикистана достигло 328
Сборная Таджикистана сыграет товарищеский матч со сборной Кувейта
В Узбекистане арестовали главу Агентства по трудовой миграции
В Кулябе в результате ДТП с участием грузовика погибли два человека
В Санкт-Петербурге у мигрантов из Таджикистана выявили корь
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 27 марта 2023 года
Пора есть зелёный абрикос. Рассказываем, чем он полезен
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста