Ширкатҳои хориҷӣ аз ҳисоби даромад аз хидматрасониҳои электронӣ ба Тоҷикистон зиёда аз 3,5 млн сомонӣ (ҳудуди 300 ҳазор доллар) андоз пардохт кардаанд.
Тибқи маълумоти Кумитаи андози ҷумҳурӣ, дар зарфи 6 моҳи аввали соли 2022 аз ҳисоби ширкатҳои хориҷие, ки ба пешниҳоди хидматрасониҳои электронӣ дар Тоҷикистон машғуланд, зиёда аз 1,5 млн сомонӣ (146 ҳазор доллар) андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) пардохт шудааст.
Соли 2021 аз ҳисоби хидматрасониҳои электронӣ, ки аз ҷониби ширкатҳои хориҷӣ ба шахсони воқеӣ дар Тоҷикистон пешниҳод шудааст, ба буҷет 2 млн сомонӣ (160 ҳазор доллар) маблағи пардохт аз андоз ворид гардида буд.
Ба ин тариқ, аз замони ворид шудани тағйироти марбута ба Кодекси андоз, аз ин ҳисоб ба Тоҷикистон зиёда аз 3,5 млн сомонӣ андоз пардохт шуд.
Бино ба маълумоти Кумита, то 1 августи соли 2022 дар низоми андози Тоҷикистон 23 ширкати хориҷии машғул ба пешниҳоди хидматрасониҳои электронӣ ба қайд гирифта шудаанд, аз ҷумла Google Commerce Limited, Meta Platforms Irland Limited, Apple Distribution International Limited, Netflix International B.V., Amazon Web Services EMEA SARL ва ғайра.
Киҳо ба пардохти “андоз ба Google” уҳдадоранд?
Тайғирот ба Кодекси андози Тоҷикистон дар мавриди ба истилоҳ “андоз аз Google”, ки дар онҳо андозбандии хидматрасониҳои электронии ширкатҳои хориҷӣ пешбинӣ шудааст, аввали соли 2021 мавриди амал қарор гирифтанд.
Мутобиқи қонунгузории амалкунанда, ин андозро бояд ҳамаи IT-ширкатҳо (ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ) пардохт кунанд, яъне ширкатҳое, ки мустақиман дар қаламрави Тоҷикистон хидматрасониҳои электронӣ пешниҳод мекунанд, андозсупоранда шуморида мешаванд.
Хизматрасониҳои электронӣ аз фурӯши китобҳои электронӣ ва дигар файлҳои медиавии электронӣ (мундариҷаи рақамӣ), интиқоли ҳуқуқҳо барои истифодаи барномаҳо, таблиғ, дастгирии сайт, нигоҳдорӣ ва коркарди иттилоот, омор, домен ва хостинг, дастрасӣ ба системаҳои ҷустуҷӯӣ, соҳаи IT ва ғайра иборатанд. Яъне ҳамаи ин хизматрасониҳое, ки тавассути Интернет пешниҳод карда мешаванд.
Мувофиқи Кодекси андози то 31 декабри соли 2021 амалкунанда, меъёри стнадартии ААИ барои ширкатҳои хориҷие, ки мустақиман ё бавосита (ба воситаи агентҳои худ) ба шахсони воқеӣ тариқи онлайн хидматрасониҳо пешниҳод мекарданд, 18%-ро ташкил медод.
Аз 1 январи соли 2022 Кодекси андоз дар таҳири нав мавриди амал қарор гирифт, ки мувофиқи он, меъёри ААИ дар ҳаҷми 15% муқаррар шудааст.
Учёба за рубежом. Доступные программы для студентов и школьников из Таджикистана
Госдума запретила брать в школы детей мигрантов без знания русского
В России назвали три сферы, которые будут остро нуждаться в трудовых мигрантах в 2025 году
Таджикские геологи нашли 15 площадей с проявлением редких металлов
В Таджикистане в конце недели ожидается резкое понижение температуры
Казахстан и Таджикистан вышли на новый уровень сотрудничества
5 важных проектов ЮНИСЕФ, которые работают в Таджикистане
Что скрывается за кулинарными традициями регионов Китая?
В Таджикистане появится новый профессиональный праздник
На остановках в Душанбе появились электронные табло
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста