Метавон гуфт, Қазоқистон интиқоли зироати ғалладона аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чинро қариб боздошт, хабар додааст ба “Ведомости” ноиби президенти Иттифоқи зироати ғалладонаи Русия Александр Корбут.
Ӯ зикр кардааст, ки сабабаш таърифаҳо (тарифҳо)-и транзитии “Роҳи оҳани Қазоқистон” аст, ки дар натиҷа кашондани зироати ғалладона “аз лиҳози ицтисодӣ ба мақсад мувофиқ намеояд”.
Бино ба маълумоти корхонаи Роҳи оҳани Русия (РЖД), арзиши интиқоли як тонна зироати ғалладона тариқи қаламрави Қазоқистон ба масофаи ҳудуди 2 ҳазор км наздики 2,5 ҳазор рублро ташкил медиҳад. Дар дохили Русия ин таърифа ба 1,3 ҳазор рубл баробар аст.
Дар асл бошад, транзит тариқи Қазоқистон гаронтар меафтад: 3150-3300 рубл барои 1 тонна (ба ҳамин монанд масофа дар дохили Русия - 600-630 рубл).
“Ин ба он вобаста аст, ки таърифаи транзитӣ аз қурби франки швейтсарӣ вобаста аст”, - шарҳ додааст манбаъ.
Ба гуфтаи вай, дар натиҷа чанде аз ҳаҷмҳои содироти зироати ғалладона то Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Чин намерасанд. Дар расонидани ин маҳсулот ба ҳукумати Толибон низ мушкил пайдо шудааст.
“Метавон гуфт, ки интиқоли бузургмиқёси зироати ғалладона аз Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин транзит ба Чин тариқи Қазоқистон боздошта шудааст”, - иброз доштааст Александр Корбут.
Номбурда гуфтааст, ин “ба Қазоқистон бартарият дода, ба ӯ имкон медиҳад, ки зироати ғалладонаро ба кишварҳо сеюм интиқол диҳад (реэкспорт)”.
Гуфта мешавад, ин мушкил дар сатҳи Думаи давлатӣ баррасӣ шуда, менеҷерҳои Роҳи оҳани Русия бо вакилони “Единая Россия” вохӯрдаанд ва аз онҳо дархост намудаанд, ки ҷиҳати аз ҷониби Қазоқистон поин бурдани таърифаҳо мусоидат кунанд.
Дар хадамоти матбуоти корхона гуфтаанд, ҳанӯз моҳи сентябр ба идораи “Роҳи оҳани Қазоқистон” бо дархости поин бурдани нархи транзит мактуб фиристода, лекин то ҳол ягон пешрафте нашудааст.
Ин ба интиқол ба Тоҷикистон таъсир расонида метавонад?
Тоҷикистон ҳудуди 98% гандумро аз Қазоқистон оварда, ҳаҷми воридоти зироати ғалладона, аз ҷумла гандум аз Русия начандон зиёд аст.
Тибқи маълумоти омори расмӣ, дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ҳудуди 640 ҳазор тонна гандум ворид кардааст.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2021 ҳаҷми интиқоли гандум ба ҷумҳурӣ аз рӯи вазн ба андозаи 7,8% кам шуда, аз рӯи арзиш - 27,1% афзудааст.
Ҳиссаи гандум дар ҳаҷми умумии воридоти маҳсулот ба Тоҷикистон дар ин давра 5,8%-ро ташкил додааст.
Таджикистан на мировой арене ритейла: Асадулло Рахмонов поделился секретами успеха на ПЛАС-Форуме в Ташкенте
Таджикистан и Евросоюз подписали соглашение о финансировании зелёного перехода в хлопководстве
Президент Таджикистана назначил дату парламентских выборов
Кому же достались столичные квартиры? Банк «Эсхата» подвел итоги акции «Интиколи бурднок 2024»
Как власти Таджикистана борются с загрязнением атмосферного воздуха
Мигрантам в Твери с 2025 года запретят работать еще в 46 сферах
Эксперт: концепция снижения вреда может помочь в профилактике рака
Спортсмены из Таджикистана завоевали медали на чемпионате мира по джиу-джитсу
Президент Южной Кореи объявил военное положение, парламент его отменил. Что там происходит?
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 4 декабря 2024 года
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста