Дар моҳи аввали соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба андозаи 4,5% афзуд, ба ҷуз гӯшти мурғ ва тухм, ки 10 кам шуд.
Агентии омори назди президенти Тоҷикистон натиҷаҳои моҳи январи соли 2024-ро дар бахши кишоварзӣ нашр кард. Ба иттилои Агентӣ, ҳаҷми маҳсулоти дохилии кишоварзӣ дар моҳи январ 1 млрд 19,6 млн сомониро ташкил додааст, ки 4,5% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад. Аз он ҳаҷми маҳсулоти чорводорӣ ба 1 млрд 8,2 млн ва растаниправарӣ - ба 8,4 млн сомонӣ баробар шудааст.
Дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи аҳолӣ 74,5%, хоҷагиҳои ҷамъиятӣ - 18,8% ва хоҷагиҳои деҳқонӣ - 6,7%-ро ташкил медиҳад.
Дар бахши растанипарварӣ дар гармхонаҳо 483 тонна сабзавот парвариш ёфтааст, ки 19,8% зиёдтар нисбат ба моҳи аввали соли 2023 мебошад.
То 1 феврал дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 55 ҳазор тонна тухмии ғалладона ва лӯбиёгӣ, аз ҷумла 47,6 ҳазор тонна гандум захира шудааст. Захираи тухмии картошка зиёда аз 79 ҳазор тонна ва тухмии пунбадона - зиёда аз 17,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Дар анбору сардхонаҳо (бидуни назардошти захираҳои Агентии давлатии захираҳои моддӣ) зиёда аз 8,5 ҳазор тонна гандум, 2,7 ҳазор тонна картошка, зиёда аз 8 ҳазор тонна сабзавот ва ҳудуди 1,5 млн зарфи (банкаи) шартии маҳсулоти консерва нигаҳдорӣ мешаванд.
Моҳи январи соли 2024 дар бахши чорводорӣ истеҳсоли гӯшт 10,4% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд шуда, 15,3 ҳазор тонна вазни зиндаро ташкил дод.
Истеҳсоли шир 5% афзуда, ба 63,8 ҳазор тонна баробар шуд.
Дар ҳамин ҳол, истеҳсоли гӯшти мурғ 11% (ҳудуди 3,4 ҳазор тонна) ва истеҳсоли тухм 10% кам шуда - 88,2 млн донаро ташкил дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли гузашта зиёда аз 96 млн дона тахми мурғ истеҳсол шуда буд.
Дар муқоиса бо моҳи январи соли 2023 содироти маҳсулоти чорводорӣ, асосан маҳсулоти ширу гӯшт 22,5 баробар афзуда, зиёда аз 1,3 млн долларро ташкил дод.
Содироти нахи пахта 2,2 баробар зиёд шуда, ҳудуди 22,4 млн долларро ташкил дод.
Ҳамчунин воридоти маҳсулоти чорводорӣ ба андозаи 25% афзуда, зиёда аз 4,2 млн долларро ташкил дод.
Как в Таджикистане дискриминируют женщин с маленькими детьми
Президенту Асаду предложили покинуть Сирию на фоне сокрушительного наступления оппозиции
В Госдуме России предложили сажать иностранцев за «оказание помощи противнику»
В Душанбе открыли еще один ресторан KFC – 10-й по счету
В Таджикистане объявили победителей Национальной премии в области электронной коммерции
«Политик работает не для себя, а для народа». Взгляд на 101-летний путь Низорамо Зариповой
Искусство, которое передаёт больше, чем слова. Тайны китайской каллиграфии
Когда и где пройдет Tarona Music Award-2024?
Рабочие группы Таджикистана и Кыргызстана подписали протокол о завершении делимитации общей границы
Отрастил бороду, вел политические беседы. Почему десятки афганцев были выдворены из Таджикистана?
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста