Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) дар бораи ду грант ба маблағи умумии 71 млн доллар, ки қаблан маъқул дониста шуданд, санадҳо ба имзо расониданд. Ин маблағҳо ба бозсозии муҳити тиҷорат, рушди тиҷорати хурду миёна ва афзоиши истеҳсоли энергияи барқароршаванда равона мегарданд.
Созишномаро дар Душанбе рӯзи 12 август вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар ҷумҳурӣ Шенни Кэмпбелл имзо карданд.
“Барномаи беҳбуди муҳити устувори корӣ ба маблағи 50 млн доллар ба бозсозии муҳити тиҷорат дар Тоҷикистон, аз ҷумла тариқи рақамисозӣ, ислоҳот дар самти афзоиши содирот, беҳтар намудани идоракунии зерсохтор, шаффофияти молиявӣ ва дастгирии корхонаҳои хурду миёнаи муҳити кориашон устувор равона мегардад”, - зикр мешавад дар иттилоияи намояндагии Бонк дар ҷумҳурӣ.
Гранти дигар ба маблағи 21 млн доллар ба иваз намудани агрегати №4 дар НБО “Сарбанд” имкон медиҳад. Ин агрегат бар асари пайдо шудани нуқсони механикӣ дар таҷҳизот соли 2019 корношоям шуда буд. Пас аз таъмиру навсозии пурраи неругоҳ иқтидори муқарраршудаи он аз 240 мегаватт дар соли 2012 то ба 274 мегаватт дар соли 2026 зиёд мешавад.
Гранти аввал аз ҷониби Шӯрои мудирони БОР охири моҳи июл ва гранти дуюм - аввали моҳи август маъқул дониста шуд.
Қобили зикр аст, ки аз соли 2018 Тоҷикистон аз Бонки осиёии рушд танҳо бар асоси бебозгашт кумаки молиявӣ мегирад.
МАЪЛУМОТНОМАИ “АЗИЯ-ПЛЮС”
Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуда, 68 кишвар аъзои он мебошанд ва 49 давлати узви Бонк дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуд.
Ниҳоди байнулмилалии мазкур мададрасони бузургтарини Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Давоми 26 соли шарикӣ БОР баҳри дастгирии соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон - аз бахши роҳсозиву зерсохтори энергетикӣ то тандурустиву кишоварзӣ, рушди шаҳрҳову идоракунии давлатӣ ва молия - ба маблағи умумии зиёда аз 2,6 млрд доллар кумак расонид, аз ҷумла беш аз 2 млрд доллар ба сифати грант ҷудо шуд.
Салом алейкум, Таджикистан! Анонсы событий, день в истории, прогноз погоды на 10 октября 2024 года
12 программ для бесплатной учебы в CША, Японии, Великобритании, Германии и не только
Что стало с землей бывшего «Зеленого базара» в Душанбе?
«Наши выступили блестяще». Эргаш Махмадбеков – об итогах чемпионата мира по дзюдо среди юниоров
Спикер парламента Ирана приедет в Таджикистан. Какова цель визита Калибофа?
Сына бен Ладена депортировали из Франции. Ему запрещен въезд в страну
Как сохранить ягнобский язык?
Ассоциация охотников Таджикистана выделила 2,1 млн сомони на развитие отдаленных районов
Дело P. Diddy. Что на самом деле происходило на вечеринках рэпера?
Министр транспорта Таджикистана поручил подготовить дороги к зиме
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста