Коршиносони Барномаи рушди СММ (БРСММ) панҷ технологияҳои рақами пешрафта ва ояндадорро барои бахши кишоварзии Тоҷикистон номбар кардаанд.
Дар ин бора зимини маросими рӯнамоии натиҷаҳои пешакии “Асосноккунии техникиву иқтисодии имконоти заминдории рақамӣ дар вилояти Хатлони оҷикистонТ”, ки чанде пеш дар Душанбе баргузор шуд, зикр шуд.
Паҳподҳои кишоварзӣ
Паҳпод ё худ дронҳои кишоварзӣ роҳи ҳалли навоварӣ барои баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва самаранокии хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.
Онҳо дар бораи майдон, табақҳо (релеф) ва хусусиятҳои хок маълумоти дақиқ медиҳанд. Дар муддати 1 соати парвои паҳподҳо метавон дар бораи масоҳати 16-20 гектар замин маълумот ба даст овард. Инчунин, таҳияи "3D"-модели табақа, барои дақиқ кишт кардани тухмӣ, дуруст пошидани нуриҳои минералӣ имкон медиҳад.
Барои дар корҳои деҳқонӣ ҷорӣ намудани истифодаи як паҳпод ба кишоварз тақрибан 21 ҳазор доллар маблағ лозим аст.
Паҳподи кишоварзӣ (масалан, паҳподи "ХAG V40") 18 ҳазор доллар нарх дорад. Барои нерӯдеҳ (аккумулятор) ва таъминоти барномавӣ 1 ҳазор доллар сарф шуда, барои омӯзиш ва хидматрасонӣ ба он 2 ҳазор доллар лозим аст.
Истифодаи паҳподи кишоварзӣ ба туфайли дақиқии кори воридотии он хароҷот ба нуриҳои минералӣ, маводи кимиёвӣ ва тухмиро 30% кам карда, ҳосилнокии зироатҳоро ба ҳисоби миёнаи 20% баланд мебардорад.

Гармхонаҳои ҳушманд
Гармхонаҳои ҳушманд бо муҳити назоратшаванда низ яке аз роҳҳои ҳалли пешрафтаи технологӣ маҳсуб ёфта, ба парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар тамоми сол имкон медиҳанд. Гармхонаи навоварона ба афзоиши назарраси ҳосилнокӣ ва коҳишу сабукии кор имкон фароҳам оварда, бо низомҳои рӯшноидиҳанда, назорати иқлим, обёрӣ, гармидиҳӣ ва ғизодиҳӣ бо гази ангидриди карбон муҷаҳҳаз мебошанд.
Арзиши насби технологияҳои гармхонаи ҳушманд ба таҳвилгари таҷҳизот, масоҳати замини хоҷагӣ ва технологияҳои мавриди истифода вобаста аст. Низоми заминавии чунин технологияҳо бо сатҳи пасти технология 30 ҳазор доллар ва болотар аз он бо низомҳои пешрафта бо сатҳи баланди технология - 100 ҳазор доллар нарх доранд.
Дар муқоиса бо заминдории маъмулӣ, гармхонаҳои ҳушманд ҷиҳати 30% боло бурдани ҳислнокӣ имкон медиҳанд. Агар дар замини кушод ва обуҳавои мусоид аз 1 гектар 40-50 тонна ҳосили помидор ба даст оварда шавад, пас дар гармхонаҳои ҳушманд он ба 55-80 тонна аз 1 гектар мерасад. Ғайр аз ин, ба фарқ аз заминдории мавсимии маъмулӣ, дар гармхонаҳои ҳушманд тамоми сол метавон зироат парвариш кард.
Ҳамчунин, бо истифодаи он хароҷот барои нуриҳои минералӣ, обёрӣ ва дигар корҳо дар ҳудуди 20-30% кам мешавад.

Домҳои ҳушманд барои ҳашарот
Домҳои ҳушманд барои ҳашарот барои баланд бардоштани самаранокии мубориза бо зараррасонҳо мебошад. Ин домҳо аз технологияҳои пешрафта барои пайгирӣ (мониторинги)-и паҳншавии ҳашароти зараррасон ва огоҳии саривақтӣ аз роҳандозии чораҳои зарурӣ истифода мебаранд. Онҳо барои кам кардани истифодаи маводи кимиёвӣ, беҳбуди ҳосилнокӣ, кам кардани истифодаи кори дастӣ ва коҳиши вақти ошкор намудани ҳашароти зараррасон кумак мекунанд.
Барои харидан ва насби таҷҳизоти 1 адад доми ҳушманд ба ҳисоби миёна 300-500 доллар лозим аст. Бо назардошти истифодаи нерӯи офтоб, хароҷот дар истифодаи он камтар мешавад. Арзиши хидматрасонии давра ба давраи он 500 доллар дар як солро ташкил медиҳад. Барои насбу омӯзиши технологияи домҳои ҳушманд ҳудуди 1 ҳазор доллар маблағ зарур аст.
Домҳои ҳушманд истифодаи маводу дастгоҳҳои кимиёвии гуногунро то ҳадди ақалл коҳиш дода, ҳамчунин истифодаи кори дастиро кам ва ҳосилнокиро беҳтар месозанд.

Низоми "GPS\ГЛОНАСС"
Технологияҳои "GPS\ГЛОНАСС" баҳри дарёфти маълумот дар бораи ҳолати заминҳо бар асоси наворҳои моҳвораӣ, маълумот дар бораи обуҳаво истифода мешаванд.
Дастгоҳҳои саҳроӣ вобаста ба навъ ва корбурдҳояшон 500-100 доллар нарх доранд. Маблағи пардохт барои дастрасӣ ба пойгоҳ (платформа) вобаста ба хидматрасонӣ аз 200 то 1000 доллар дар як моҳ нарх дорад. Арзиши омӯзиш ва дастгирӣ тақрибан 1000 доллар аст.
Фоидаи иқтисодӣ аз истифодаи "GPS" дар он аст, ки бо назардошти насби мониторинг ва назорат, захираҳо (обу нуриҳои минералӣ, пестисидҳо ва ғайра) 20% сарфа гардида, ба ҳамин андоза ҳосилнокии зироатҳо баланд мешавад.

Низоми обёрии ҳушманд
Он нишондиҳандаҳои фосилавиро барои таъмини миқдори дақиқи сӯзишворӣ муттаҳид сохта, хароҷотро кам ва ҳосилнокии зироатҳоро баланд мебардоранд.
Зимни истифодаи низоми обёрии ҳушманд вобаста ба навъи хоку зироат ва табақаи маҳал сарфаи об то 50% мерасад.
Хароҷот барои харидан ва насби таҷҳизот (дастгоҳҳои пайгирӣ, назорат ва ғайра) бо назардошти душвории низом аз 2 ҳазор то 6 ҳазор долларро ташкил медиҳанд. Хидматрасонии дастгирии кори низом дар ҳудуди 300-500 доллар дар як сол арзёбӣ мешавад. Хароҷот ба нерӯи барқи пойгоҳҳои обкашӣ ба таърифаҳо (тарифҳо) ва ҳаҷми истифодаи он вобаста аст.




