Бар асари таркиши баллони газ дар чойхонаи “Самарқанд” воқеъ дар маркази шаҳри Панҷакент, ки рӯзона 25 январ рух дод, 23 нафар кормандони муассиса - 15 зану 8 мард ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.

Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҳамаи онҳо дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилӣ хабар дода буд, ки бар асари ин ҳодиса 12 нафар дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Гуфта мешавад, ҳоли се нафар занон, ки аз 21 то 42 сол доранд ва 2 нафар аз ҷумлаи мардон, ки ҳарду ҳам 27-солаанд, вазнин буда, се зани аз 37 то 72-сола дар шуъбаи эҳёгарӣ бистарианд ва табибон ҳоли онҳоро ҳам чандон хуб арзёбӣ намекунанд.

“Вазъи саломатии 9 зан ва 5 мард вазнини миёна арзёбӣ мешавад, - омадааст дар хабари Кумита. - Аз миёни ин ҳама танҳо як ҷавони 21-сола баъди муоинаи тиббӣ ҷавоб дода шуда, боқӣ ҳамоно дар бемористон таҳти назорати духтурон қарор доранд”.

Чойхонаи “Самарқанд”-и шаҳри Панҷакент дар иҷораи сокини 42-солаи деҳаи Майкатаи ҷамоати Амондараи шаҳр Ёлқин Тиллоев қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.