Бар асари як садамаи нақлиётӣ шоми 6-уми январ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд, ки аз ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд мебошанд. Гуфта мешавад се тан аз ҷонбохтагон аъзои як хонавода мебошанд.

Дар ин бора аз Раёсати корҳои дохила дар вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” хабар дода гуфтанд, ки садама соати 16:00 бегоҳии 7-уми январ дар километри 254-уми шоҳроҳи  Душанбе-Хуҷанд ба вуқӯъ пайвастааст. 

Манбаъ мегӯяд, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес Атего”, Фаррух Ҳақбердиеви 27-сола, сокини ҷамоати Қуштепаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба Хуҷанд аз ӯҳдаи идораи автомашина набаромада муқобили самти ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел Зефира” бармехӯрад.

Ин автомашинаро ронанда Раҳмат Соҳибназаров идора мекард ва ҳангоми садама аз самти шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Истаравшан ҳаракат мекард.

Раёсати корҳои дохила дар вилояти Суғд мегӯяд, дар натиҷаи садама ронанда Раҳмат Соҳибназарови 46-сола ва мусофирони он Наимҷон Соҳибназарови 57-сола, Дилбар Соҳибназароваи 53-сола ва Олмахон Ғоибоваи 53-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Қурбониёни садама сокинони ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич мебошанд, ки эҳтимол меравад ронанда ва боз ду мусофири он Соҳибназаровҳо аз як хонавода мебошанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.